27.9 C
Dushanbe

Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба Покистон

Тоҷикистон дар ҳаҷми 3 ҳазор тонна орд, оби нӯшокӣ, ангиштсанг ва ғайра аз колоҳои мавриди ниёз ба мардуми зарардидаи Покистон кумак мекунад.

Акс аз манбаъҳои боз

Имрӯз, 6-уми августи соли 2022, Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар дод, ки бо супориши “Эмомалӣ Раҳмон Фармоиши Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода қабул гардид, ки дар асоси он ба мардуми Ҷумҳурии Исломии Покистон кумаки башардӯстона ҷудо карда шуд.”

Ба қавли манбаъ, “кумаки башардӯстона аз 500 тонна орд, 500 тонна оби нӯшокӣ, 1000 тонна ангиштсанг, 1000 тонна семент ва 2000 адад шифер иборат мебошад, ки вазни умумии беш аз 3000 тонна ва маблағи 12 миллиону 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.”

Дар ин фармоиши Эмомалӣ Раҳмон таъкид шуда, ки корвони мошинҳо бо кумакҳои башардӯстона фардо 7-уми сентябр ба роҳ бароянд ва “мақомоти дахлдори кишвар барои то қаламрави Ҷумҳурии Исломии Покистон расонидани кумаки ҷудогардидаи башардӯстона вазифадор карда шуданд.”

Гуфта мешавад, бар асари боришоти пайдарпай ва обхезиҳои аз ҳад зиёд дар Покистон ҳудуди 1265 нафар ҷони худро аз даст додаву зиёда “33 миллион нафар шаҳрвандони кишвар зарар дидаанд. Ҳамчунин беш аз як миллион манзили истиқоматӣ, роҳу пулҳо, дигар иншооти инфрасохторӣ ва заминҳои кишоварзӣ пурра хароб гардидаанд.”

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қазоқистон беш аз 310 ҳазор қурбонии сиёсиро сафед кард

Қазиқистон ҳам мисли хеле дигар аз кишварҳои собиқ Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ қурбониёни сиёсии даврони столниашро сафед кард, Тоҷикистон чӣ?

HRW дар нома ба Байден аз нақзи ҳуқуқи башар дар кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфт

Дидбони Ҳуқуқи Башар (HRW) бо нашри изҳороте аз Ҷо...

Таҳдид зиндон барои навиштани “Ҷумъа муборак” дар Тоҷикистон

Мақомоти Тоҷикистон аз ин ба баъд ирсоли паёмаки "Ҷумъа муборак"-ро дар Тоҷикистон ҷурм дониста, барои он то ҷарима ва ҳатто ҳабсро пешбинӣ кардаанд.

Сохти беш аз 100 дидбонгоҳи марзии ҷадид

Толибон дар марз байни Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи он зиёда аз 100 дидбонгоҳи марзии нав сохтанд.