Нафаре, ки аз Боздоштгоҳи Душанбе фирор карда буд, боздошт шуд
Аҳмадбек Саидов, шахсе, ки моҳе қабл аз Боздоштгоҳи рақами 1-и шаҳри Душанбе фирор карда буд ва дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт, боздошт шудааст. Акс: Интернет Як манбаъ аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дода, ки маҳбуси фирорӣ Аҳмадбек Саидовро 1-уми октябр боздошт кардаанд, вале ҷузъиёти боздошти ӯро тавзеҳ надодааст. Чанд […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Аҳмадбек Саидов, шахсе, ки моҳе қабл аз Боздоштгоҳи рақами 1-и шаҳри Душанбе фирор карда буд ва дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт, боздошт шудааст.
Акс: Интернет
Як манбаъ аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дода, ки маҳбуси фирорӣ Аҳмадбек Саидовро 1-уми октябр боздошт кардаанд, вале ҷузъиёти боздошти ӯро тавзеҳ надодааст.
Чанд рӯзе пеш мақомот барои пайдо кардани ӯ 50 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ ҷудо карда ва дар ҳамаҷо онро нашр карда буд.
Сабаби аслии боздошт ва фирори Сайдов то ҳол маълум нест. Аммо тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, Аҳмадбек Саидов 35 сол дошта, сокини ҷамати Заргари ноҳияи Кушониёни Хатлон мебошад ва бо ҷурми “роҳзанӣ” гумонбар аст.
Гуфта мешавад, ӯ дар оғози моҳи августи соли ҷорӣ аз Русия ба Тоҷикистон истирдод шуда буд ва шаби 18 ба 19-уми августи имсол аз Боздоштгоҳи рақами 1-и шаҳри Душанбе фирор кард.
The technical storage or access is necessary for the legitimate purpose of storing preferences that are not requested by the subscriber or user.
Омор
Захира ё дастрасии техникӣ барои мақсади қонунии фаъол кардани хидмати мушаххас, ки корбар ошкоро дархост кардааст, ё танҳо барои интиқоли иттилоот тавассути шабакаи иртиботи электронӣ ҳатмист.The technical storage or access that is used exclusively for anonymous statistical purposes. Without a subpoena, voluntary compliance on the part of your Internet Service Provider, or additional records from a third party, information stored or retrieved for this purpose alone cannot usually be used to identify you.