Ҳар сол беш аз 50 ҷавон дар Маркази барқу гармидиҳии-2 корро тарк мекунанд
Сафаров Халил, яке аз корбарони Фейсбук навишта, ки ҳар сол зиёда аз 50 коргари Маркази барқу гармидиҳии-2-и шаҳри Душанбе ба сабаби нагирифтани маошҳояшон корпартоӣ мекунанд. Акс: Интернет Ба иддаои ин корбар, ки зоҳиран худаш корманди ин Марказ аст, маоши кормандони чинӣ 10 ҳазор сомонӣ аст ва сари вақт онро мегиранд, аммо маоши мутахассисони тоҷик 2700 […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Сафаров Халил, яке аз корбарони Фейсбук навишта, ки ҳар сол зиёда аз 50 коргари Маркази барқу гармидиҳии-2-и шаҳри Душанбе ба сабаби нагирифтани маошҳояшон корпартоӣ мекунанд.
“Дар шаҳри Душанбе корхонае ҳаст бо номи Маркази барқу гармидиҳии-2, ки шаҳрро қариб пурра бо нерӯи барқ ва гармӣ таъмин мекунад. Зиёда аз 80%-и коргаронаш ҷавонон ташкил медиҳад. Ҳар сол аз ин корхона зиёда аз 50 нафар корпартои намуда ба ФР ва дигар давлатҳо мераванд.”, мегӯяд Сафаров Халил.