32.9 C
Dushanbe

Ҳар сол беш аз 50 ҷавон дар Маркази барқу гармидиҳии-2 корро тарк мекунанд

Сафаров Халил, яке аз корбарони Фейсбук навишта, ки ҳар сол зиёда аз 50 коргари Маркази барқу гармидиҳии-2-и шаҳри Душанбе ба сабаби нагирифтани маошҳояшон корпартоӣ мекунанд.

Ба иддаои ин корбар, ки зоҳиран худаш корманди ин Марказ аст, маоши кормандони чинӣ 10 ҳазор сомонӣ аст ва сари вақт онро мегиранд, аммо маоши мутахассисони тоҷик 2700 сомонӣ аст, вале онро ду моҳ пас мегиранд.

Ӯ мегӯяд, моҳи актябр қариб ба охир мерасад, вале то ҳол маоши моҳи сентябрашро нагирифтааст.

“Дар шаҳри Душанбе корхонае ҳаст бо номи Маркази барқу гармидиҳии-2, ки шаҳрро қариб пурра бо нерӯи барқ ва гармӣ таъмин мекунад. Зиёда аз 80%-и коргаронаш ҷавонон ташкил медиҳад. Ҳар сол аз ин корхона зиёда аз 50 нафар корпартои намуда ба ФР ва дигар давлатҳо мераванд.”, мегӯяд Сафаров Халил.

Ин корбар сабабҳои асосии корпартоии ҷавононро чунин шарҳ додааст:

1. Музди маоши кам ва талаботи бисёр;

Кормандони хитои-10 000 с

Кормандони тоҷик-2700 с

2. Сари вақт напардохтани музди меҳнатӣ

(Имрӯз 19 октябр маоши моҳи сентябр пардохт нашудааст).

3. Муносибати бади роҳбарият бо кормандон.

4. Набудани шароит дар ҷои кор барои кормандони тоҷик

5. Хешутаборбозира намегӯем.

Ин корбар дар охир аз масъулини Вазорати энергетика ва ширкати “Барқи тоҷик” хоста, ки пеши роҳи ин бемасъулиятҳоро бигиранд, то мутахассисони худӣ ҳама аз Ватан фирор накунанд.

“Мӯҳтарам масъулин (Вазорати энергетика, Ширкати Барқи тоҷик) медонем парвои ин ҷавонон надоред, лекин то кай пули калон ба хитоиҳо дода онҳоро нигоҳ медоред? Агар ҳамихел рафтан гирад мутахассисони хуб тарки Ватан мекунанд.”, менависад Сафаров.

Дар зери ин пост даҳҳо шарҳ навишта шуда, ҳатто онҳое, ки қаблан дар ин Маркази барқу гармидиҳии-2 солҳои пеш фаъолият кардаанд, гуфтаҳои Сафаровро тасдиқ карда, аз камии маоши матахассисони тоҷику зиёд будани маоши шаҳрвандони Чин, бадрафтории масъулон, хешутаборбозиву фасод дар ин Марказ интиқод кардаанд.

Ба назар мерасад, солҳои охир таъхир дар маоши кормандону бадрафторӣ нисбати онҳо на танҳо дар ё як ду муассиса ва ниҳодҳои давлатӣ, балки дар даҳҳо идораву корхонаҳо вуҷуд дорад, ки ҳамеша кормандон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз он шикоят мекунанд. Вале мақомоти дахлдор барои рафъи ин мушкилот иқдоме намекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мишустин аз густариши ҳамкориҳои Русия бо Тоҷикистон гуфт

Михаил Мишустин, сарвазири Русия дар суҳбат бо ҳамтои тоҷикаш...

Трамп расман ба даст доштан дар ҷинояти нав муттаҳам шуд

Доналд Трамп, собиқ раисҷумҳури Амрико аз сӯи Вазорати додгустарии ин кишвар дар парвандаи нигаҳдории асноди маҳрамонаи давлатӣ пас аз поёни давраи президентияш муттаҳам мешавад.

Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо Додситони кулли Туркия

Ашрафҷон Гулов, домоди Эмомалӣ Раҳмон ва сафири Тоҷикистон дар Туркия, 8-уми июни соли ҷорӣ бо Додситони кулли Туркия Бекир Шоҳин мулоқот карда, ба густариши ҳамкориҳо таъкид кард.

Ифтитоҳи бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ бо ҳузури Амири давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ва Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.