Хабар УМУМӢ

Баррасии масоили сиёсию иқтисодӣ байни Тоҷикистону Италия

Тоҷикистон Итатия масоили ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ ва иқтисодию гуманитарии худро мавриди баррасӣ қарор доданд. Акс: ИнтернетАкс аз сомонаи ВКХ ҶТ Бино ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дирӯз, 20-уми октябри соли 2022, ҳайатҳои Тоҷикистону Италия дар шаҳри Душанбе мулоқот карда, масоили сиёсӣ, тиҷоратӣ ва иқтисодии байни ду кишварро баррасӣ намуданд. Ба қавли […]

Тоҷикистон Итатия масоили ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ ва иқтисодию гуманитарии худро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Акс: Интернет
Акс аз сомонаи ВКХ ҶТ

Бино ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дирӯз, 20-уми октябри соли 2022, ҳайатҳои Тоҷикистону Италия дар шаҳри Душанбе мулоқот карда, масоили сиёсӣ, тиҷоратӣ ва иқтисодии байни ду кишварро баррасӣ намуданд.

Ба қавли манбаъ, “дар меҳвари гуфтугӯи ҳамсуҳбатон масъалаҳои вобаста ба тиҷорат, имконоти сармоягузории ду кишвар ва тақвияти робитаҳо байни муассисаҳои илмию фарҳангии Тоҷикистону Италия қарор дода шуд.”

Гуфта мешавад, дар ин вохӯрӣ, ки дар бинои Вазорати корҳои хориҷӣ сурат гирифт, ҳайати Тоҷикистонро Шараф Шерализода, муовини вазири корҳои хориҷӣ раҳбарӣ мекард ва аз ҷониби дигар Агостино Пинна, сафири кишвари Италия дар Тоҷикистон ва Ромео Орланди, сафири махсус оид ба номзадии шаҳри Рим барои пазироии намоишгоҳи ЭКСПО-2030 иштирок доштанд.

Мавзӯъҳои марбут