37.9 C
Dushanbe

Баррасии масоили сиёсию иқтисодӣ байни Тоҷикистону Италия

Тоҷикистон Итатия масоили ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ ва иқтисодию гуманитарии худро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Акс аз сомонаи ВКХ ҶТ

Бино ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дирӯз, 20-уми октябри соли 2022, ҳайатҳои Тоҷикистону Италия дар шаҳри Душанбе мулоқот карда, масоили сиёсӣ, тиҷоратӣ ва иқтисодии байни ду кишварро баррасӣ намуданд.

Ба қавли манбаъ, “дар меҳвари гуфтугӯи ҳамсуҳбатон масъалаҳои вобаста ба тиҷорат, имконоти сармоягузории ду кишвар ва тақвияти робитаҳо байни муассисаҳои илмию фарҳангии Тоҷикистону Италия қарор дода шуд.”

Гуфта мешавад, дар ин вохӯрӣ, ки дар бинои Вазорати корҳои хориҷӣ сурат гирифт, ҳайати Тоҷикистонро Шараф Шерализода, муовини вазири корҳои хориҷӣ раҳбарӣ мекард ва аз ҷониби дигар Агостино Пинна, сафири кишвари Италия дар Тоҷикистон ва Ромео Орланди, сафири махсус оид ба номзадии шаҳри Рим барои пазироии намоишгоҳи ЭКСПО-2030 иштирок доштанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Эрон: Аврупо таҳдиду фишорро канор гузорад

Вазири корҳои хориҷии Эрон дар вокуниш ба таҳдидҳои кишварҳои...

Тоҷикистон аз “Роғун” ба Узбакистон барқ мефурӯшад

Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки пеш аз анҷоми корҳои...

Русия муҳоҷиронро бе ваксина ба кор роҳ намедиҳад?

Мақомоти Рурия мехоҳанд, ки барои пешгирӣ аз паҳн шудани...

Интиқоли Гулмурод Ҳалимов ба минтақҳои наздимарзии Тоҷикистон

Бархе расонаҳои Афғонистон мегӯянд, ки Гулмурод Ҳалимов, собиқ фармондеҳи...