Сандерс: Амрико набояд ба Исроил як сент кумак кунад

Сенатори амрикоӣ Берни Сандерс дар изҳороте гуфт, аз ин пас Амрико набояд як сент ба Исроил кумак кунад.

Сандерс дар суҳбат бо шабакаи телевизионии MSNBC гуфт, коре, ки Исроил анҷом медиҳад, фақат мубориза бо ҲАМОС нест, балки ҷанг алайҳи тамоми мардуми Фаластин аст.

Ин сенатори Конгресси Амрико аз ҳамлаи Исроил ба мошини гурӯҳи имдодрасони Бунёди хайриявии Ошпазхонаи марказии ҷаҳонӣ, ки сабаби кушта шудани 6 тан аз кормандони ин ниҳоди байналмилалӣ шуд, мисол оварда, мегӯяд, ҳамла ба кормандони созмонҳои кумакрасон “танҳо бахше аз мошини ҷангии Натанёҳу аст.”

Сандерс дар ин мусоҳибаи телевизионӣ таъкид мекунад, ки Амрико набояд як сенти дигар ба Исроил кумак кунад то ин ҷанги ваҳшатнок алайҳи мардуми Фаластин идома диҳад.

Ӯ ҳамчунин дар идома мегӯяд, ки назарсанҷиҳое, ки дар байни амрикоиҳо гузаронида шуд, нишон медиҳанд, ки “аксари мардуми Амрико намехоҳанд дар ин ҷиноёт шарик шаванд.”

Сандерс рӯзе пеш бо нашри паёме дар шабакаи Х навишт, ки дар давоми 6 моҳи ҷанг дар Ғазза 200 имдодгар тавассути Исроил кушта шудааст.

Ин дар ҳолест, ки Амрико борҳо ба Исроил ҳушдор дода, ки ба Рафаҳ, қисмати ҷанубии Фаалстин, ки беш аз 1 миллион гуреза онҷо ҷамъ омадаанд, ҳуҷум накунад. Аммо дар муқобил ба ин кишвар бастаҳои нави низомӣ мефиристад.

“Вашингтон Пост” ба нақл аз масъулони баландпояи Вазорати дифоъ ва Вазорати хориҷии Амрико навишт, ки бастаии нави кумакҳои низомии ин кишвар ба Исроил фиристода мешавад. Аз ҷумла, 1800 бомби навъи MK84, ки вазни умумияшон тақрибан як тоннаро ташкил медиҳад ва инчунин 500 бомби навъи MK82 шомили ин кумакҳо ҳастанд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, дар ин бастаи кумакҳои нави Амрико ба Исроил низ 25 ҷангандаи навъи F35, ки арзишашон 2,5 миллард доллар аст, шомил мешаванд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Поёни анъанаи сисолаи муҳоҷират

Сӣ сол аст тамоми системаҳои иқтисоди Тоҷикистон — аз буҷаи хонавода то иқтисоди миллӣ — дар асоси як фарзия сохта шудаанд: Муҳоҷир ҳамеша метавонад ба Русия биравад.

Баҳсбарангезтарин Ҷоми ҷаҳонии футбол оғоз шуд

Рӯзи 11-уми июн Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026, ки пеш аз оғозаш баъзе тимҳои миллӣ, доварон ва варзишгарон бо мушкилот рӯ ба рӯ шуданд расман оғоз гардид.

Боздошти як навраси муҳоҷир дар Русия бо гумони куштор ва сӯиқасд ба ҷони дигарон

Мақомоти тафтишотии Русия аз боздошти як шаҳрванди хориҷии 16-сола бо гумони куштор ва сӯиқасд ба ҷони ду нафар дар вилояти Маскав хабар доданд.

Олмон мехоҳад боз як паноҳҷӯйи дигари тоҷикро истирдод кунад

Мақомоти Олмон рӯзи 8-уми июн паноҳҷӯйи тоҷик, узви Ҷунбиши ислоҳот ва рушд Асадулло Бобоевро ҳамроҳ бо писараш Муҳаммад Бобоев дар шаҳри Крайс Клеве боздошт карданд.