31.9 C
Dushanbe

Боз як зодаи Бадахшон ба 10 соли зиндон маҳкум шуд

Руслан Лашкарбеков, зодаи деҳаи Риҷисти ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ дар Душанбе ба 10 соли зиндон маҳкум шуд.

Рӯзноманигори шинохта Анора Саркорова дар истинод ба манобеаш аз мақомоти интизомии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки мурофиаи додгоҳии Руслан рӯзи 28-уми сентябри соли ҷорӣ, пушти дарҳои баста бе ҳузури адвокат баргузор шудааст.

Додгоҳ Руслан Лашкарбекови 33-соларо тибқи моддаҳои 182 қисми 2 (ғасби бино иншоот, роҳҳо, воситаи иттилоот ё алоқа) ва 35 қисми 1 (шарикӣ дар ҷиноят) гунаҳкор дониста, ба 10 соли зиндон маҳкум кардааст. Назари худи ӯ ва пайвандонаш дастраси расонаҳо нест. Ҳамчунин маълум нест, ки мурофиаи ин зодаи Бадахшон дар кадом боздоштгоҳ ва ё додгоҳи шаҳри Душанбе баргузор шудааст. Аммо худи ӯро замони боздошташ дар СИЗО-и Душанбе ҷой карда будаанд.

Руслан Лашкарбековро кормандони интизомии Русия бо дархости ҷониби Тоҷикистон 2-уми августи соли ҷорӣ дар Маскав боздошт ва рӯзи 4-уми август иҷборан ба Тоҷикистон истирдод карданд. Замони истирдодаш ба Тоҷикистон пайвандони Руслан хабардор нашуда будаанд.

Пас аз ҳодисаҳои ахири Бадахшон дар Русия даҳҳо тан аз зодагони ВМКБ рабуда ва ба Тоҷикистон истирдод ва ба солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шудаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Гуфтугӯи телефонии Муҳриддин ва Ароқчӣ

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои эрониаш суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Задухӯрди навбатӣ дар марз бо Афғонистон

Дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон боз ду қочоқбари афғон кушта ва даҳҳо кг маводи мухаддир мусодира шудааст. 

Фоҷеа: Модари ҷавон 4 фарзандашро ба дарё андохту кушт

Як зани 27-сола бо номи Мадина Ҳалимова, сокини ноҳияи Фархор, бо се духтар ва як писари хурдсолаш худро ба дарёи Сурхоб андохт, вале худаш аз марг наҷот ёфт.

Оташбаси 60-рӯза миёни Исроил ва ҲАМОС дар Ғазза

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико рӯзи сешанбе эълом кард, ки Исроил тарҳи оташбасеро, ки Қатар пешниҳод кард, пазируфтааст.