Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба иддаои ҷониби Украина, ки мегӯяд, паҳподҳои эронӣ дар Тоҷикистон тавлид ва ба Русия ирсол мешаванд, вокуниш кард.
Акс: Интернет30-уми октябри соли 2022 Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар саҳфаи фейсбукии худ иддаои журналист ва блогнависи украинӣ Дмитрий Гордонро, ки дар канали ютюбии худ зери унвони “Дар меҳмонии Гордон” гуфта буд, паҳподҳои эронӣ дар Тоҷикистон тавлид ва барои ҷанг дар Украина ба Русия фиристода мешаванд, рад кард.
Вазорати корҳои хориҷии кишвар дар ин баёнияи худ таъкид кардааст, ки “Тоҷикистон ба кишварҳои сеюм таҷҳизоти низомӣ содир намекунад.” Ва ҳамзамон иттилоъ медиҳад, мақомоти Киев низ дар ин бора аз Душанбе расман тавзеҳ нахостаанд.