33.9 C
Dushanbe

Вокуниши Тоҷикистон дар хусуси ирсоли паҳподҳои эронӣ ба Русия

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба иддаои ҷониби Украина, ки мегӯяд, паҳподҳои эронӣ дар Тоҷикистон тавлид ва ба Русия ирсол мешаванд, вокуниш кард.

30-уми октябри соли 2022 Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар саҳфаи фейсбукии худ иддаои журналист ва блогнависи украинӣ Дмитрий Гордонро, ки дар канали ютюбии худ зери унвони “Дар меҳмонии Гордон” гуфта буд, паҳподҳои эронӣ дар Тоҷикистон тавлид ва барои ҷанг дар Украина ба Русия фиристода мешаванд, рад кард.

Вазорати корҳои хориҷии кишвар дар ин баёнияи худ таъкид кардааст, ки “Тоҷикистон ба кишварҳои сеюм таҷҳизоти низомӣ содир намекунад.” Ва ҳамзамон иттилоъ медиҳад, мақомоти Киев низ дар ин бора аз Душанбе расман тавзеҳ нахостаанд.

Гуфта мешавад, Дмитрий Гордон ин иддаои худро нахуст дар бораи Узбекистон карда буд, вале Тошканд фавран онро рад кард ва сипас Гордон узрхоҳӣ карда гуфт, ки ба ҷои Тоҷикистон Узбекистон гуфтааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Гурӯҳе аз имомони мусалмони кишварҳои ғарбӣ ба Исроил сафар карданд

Субҳи 7-уми июл, Президенти Исроил Исаак Ҳерсог дар қароргоҳаш бо як гурӯҳ аз имомон ва намояндагони ҷомеаҳои мусалмонӣ аз Фаронса, Белгия, Нидерланд, Италия ва Британияи Кабир дидору гуфтугӯ намудааст.

Амрико гурӯҳи “Ҳайат Таҳрир аш-Шом”-ро аз листи террористон хориҷ кард

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гурӯҳи “Ҳайат Таҳрир аш-Шом”-ро, расман аз феҳристи созмонҳои террористӣ хориҷ кард.

Содир Ҷабборов ба Тоҷикистон омад

8-уми июли соли 2025 Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов бо даъвати раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Душанбе омад.

Дар Маскав беш аз 500 муҳоҷирро ба шуъбаҳои пулис бурдаанд

Мақомоти Русия дар шаҳри Маскав барои ошкор кардани роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ "рейд" гузарондааст.