Сарони Тоҷикистон Покистон ба тавофуқ расиданд, ки соли оянда Созишномаи шарикии стратегӣ, ки ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷонибаро таҳким мебахшад, ба имзо бирасонанд.
Акс: ИнтернетБино ба иттилои
Гуфта мешавад, дирӯз, 14-уми декабри соли ҷорӣ Президенти Тоҷикистон бо даъвати расмии Шаҳбоз Шариф, Нахуствазири Покистон дар раъси як ҳайати баландпояи кишвар ба Ҷумҳурии Исломии Покистон рафт ва тайи ин ду рӯз дар шаҳри Исломобод бо як қатор раҳбарони ин кишвар дидору мулоқот кард. Тоҷикистон ва Покистон соли ҷорӣ 30-умин солгарди барқарории муносибатҳои сиёсӣ ва дипломатии худро ба қайд гирифтанд. Президент Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1994 ба ин сӯ бори 9-ум буд, ки бо сафарҳои расмӣ ва корӣ ба ин кишвар сафар мекунад.