28.9 C
Dushanbe

Созишномаи шарикии стратегии Тоҷикистону Покистон

Сарони Тоҷикистон Покистон ба тавофуқ расиданд, ки соли оянда Созишномаи шарикии стратегӣ, ки ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷонибаро таҳким мебахшад, ба имзо бирасонанд.

Бино ба иттилои

Гуфта мешавад, дирӯз, 14-уми декабри соли ҷорӣ Президенти Тоҷикистон бо даъвати расмии Шаҳбоз Шариф, Нахуствазири Покистон дар раъси як ҳайати баландпояи кишвар ба Ҷумҳурии Исломии Покистон рафт ва тайи ин ду рӯз дар шаҳри Исломобод бо як қатор раҳбарони ин кишвар дидору мулоқот кард.

Тоҷикистон ва Покистон соли ҷорӣ 30-умин солгарди барқарории муносибатҳои сиёсӣ ва дипломатии худро ба қайд гирифтанд. Президент Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1994 ба ин сӯ бори 9-ум буд, ки бо сафарҳои расмӣ ва корӣ ба ин кишвар сафар мекунад.

Покистон тайи ин муддат 12 маротиба нахуствизирони худро иваз кардааст ва Эмомалӣ Раҳмон дар аксар мавридҳо бо нахуствазирони ҷадиди он кишвар, аз он ҷумла Беназир Бҳуто, Парвиз Мушарраф, Муҳаммад Навоз Шариф, Юсуф Ризо Гелонӣ, Имрон Хон ва инак бо Шаҳбоз Шариф мулоқот кардаааст.

Тоҷикистон ва Покистон ду кишваре ҳастнад, ки аз нигоҳи давлатдорӣ, ба хусус дар робита ба гурӯҳӣ ва оҳиста-оҳиста ба самти оилавӣ кардани ҳукуматҳо, ғарқ шудан дар фасодҳои идорӣ, молӣ, ахлоқӣ ва ҳатто бо сӯиистифода аз қонунҳои мубориза бо терроризму экстримз алайҳи мухолифони худ, аз он ҷумла мазҳабиҳои сиёсатмадар ва рӯҳониён бо ҳам шабоҳатҳое зиёде доранд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Раҳмонов ва Пизишкиён дар Озарбойҷон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кард.

Гармои шадид дар Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст

Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти Лаҳистон Анджей Дуда супорид.

Толибонро аввалин кишвари дунё расман эътироф кард

Пас аз чор соли ба сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати сарпарастро ба расмият шинохт.