10.9 C
Dushanbe

Боздошти 8 тоҷик дар Амрико бо гумони ҳамкорӣ бо ДИИШ

Рӯзи сешанбе, 11-уми июни соли ҷорӣ мақомоти Амрико 8 шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми иртибот бо ДИИШ боздошт карданд.

Хабаргузории CNN аз манобеи худ навишта, ки “дар натиҷаи як амалиёти интизомӣ рӯзи сешанбе маъмурони федеролии Амрико ҳашт муҳоҷири шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар Иёлоти Муттаҳида ба сар мебурданд, бо иттиҳоми иртиботи эҳтимолӣ бо терроризм, боздошт карданд.”

Бино ба иттилои манбаъ, боздоштҳо аз ҷониби Хадамоти муҳоҷират ва гумруки ИМА дар Лос-Анҷелес, Ню-Йорк ва Филаделфия анҷом шудааст.

Як манбаъ гуфт, ки ин ҳашт нафар қаблан аз тариқи марзи ҷанубӣ вориди Амрико шуда ва аз ҷониби мақомоти амрикоӣ тафтиш шуда буданд ва ҳеч маълумоти шубҳанок ҳангоми вуруди онҳо ошкор нашуда буд.“, омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, пас аз вуруд ба хоки Амрико муфаттишон баъдан робита доштани эҳтимолии онҳоро бо аъзои ДОИШ дар хориҷ аз ин кишвар кашф карданд.

Тавре расонаҳои амрикоӣ хабар доданд, мақомоти қудратии Амрико ин гурӯҳро беш аз як моҳ зери назорати худ қарор доданд, вале далели кофӣ барои ин иттиҳом ба даст наоварданд. Бо вуҷуди ин, мақомоти Амрико барои “пешгирӣ аз вуқуи ҳодисаи террористӣ” талош дорад ин гурӯҳро аз хоки худаш ихроҷ кунад.

Манобеи CNN гуфтаанд, ки то ҳол мақомоти қудратии кишвар мушаххас накардаанд, ки ин ҳашт нафар дар хориҷ омӯзиш гирифта ва баъдан ҳадафмандона ба Амрико барои анҷоми амалҳои террористӣ ва хушунат фиристода шудаанд, вале бояд ихроҷ шаванд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти ду зан бо гумони ҷинояти ғайриахлоқӣ дар Душанбе

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти ду зан бо гумони ташкили фоҳишахона хабар дод.

Тоҷикистон дар раддаи кишварҳои ғайриозод боқӣ монд

Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон "Freedom House" имсол ҳам Тоҷикистонро дар гурӯҳи кишварҳои "ғайриозод" шомил кард.

Боздошти афсари ВКД бо гумони куштани як ҷавон дар Ванҷ

Як афсари Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сокини 34-солаи ноҳияи Ванҷ Саломатшо Ғалчаевро бо истифода аз туфангча куштааст.

Тоҷикистон ба мардуми Эрон кумакҳои башардӯстона фиристод

Ҳукумати Тоҷикистон барои мардуми зарардидаи Эрон аз ҷанг кумакҳои башардӯстона фиристод. Дар ин бора 18-уми марти соли ҷорӣ сомонаи расмии Президенти Тоҷикистон хабар додааст.