Шикоят аз бетаваҷҷуҳӣ дар бемористон: бемор пас аз чанд соат интизорӣ ба кома рафт

Наворе, ки рӯзноманигор Шаҳлои Гулхоҷа дар саҳифаи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардааст, баҳсҳои зиёдеро ба миён овард. Дар навор як шаҳрванд аз муносибати кормандони тиб ва бетаваҷҷуҳӣ ба беморон дар бемористони “Медгородок” шикоят мекунад.

Ба гуфтаи ӯ, модараш, ки гирифтори бемории дил аст, аз соати 12:00 то 16:00 дар бемористон интизори ёрии табибон будааст. Ӯ иддао мекунад, ки дар ин муддат ягон духтур ба бемор расидагӣ накарда, кумаки аввалияи тиббӣ низ расонида нашудааст.

Дар навор гуфта мешавад, ки бемор тақрибан чор соат дар роҳрави бемористон мунтазир мондааст ва баъди ин вазъи саломатии ӯ бадтар шудааст.

Ин чунин гуфта мешавад, бемор ба кома рафтааст

Дар ҳамин ҳол, дар бахши шарҳҳои зери навор корбаре бо номи “muslimbedilov” зоҳиран аз қазия огоҳ аст, ба ҷои бемористон, наздикони беморро гунаҳкор дониста, онҳоро ба беэътиноӣ нисбат ба нигоҳубини бемор муттаҳам кардааст. Ин корбар ҳамчунин наздикони беморро ба иғвоангези мутаҳам кардааст.

То ҳол роҳбарияти бемористони “Медгородок” ё Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар бораи ин ҳодиса ва иддаоҳои зикршуда изҳороти расмӣ нашр накардаанд.

Масъалаи сифати хизматрасонии тиббӣ ва фасоди молӣ дар бемористонҳо солҳост яке аз мавзуъҳои баҳснок дар Тоҷикистон боқӣ мемонад. Сокинон, махсусан дар шаҳру ноҳияҳои дурдаст ва деҳот, аз норасоии мутахассисони соҳибтаҷриба, камбуди таҷҳизот ва мушкилот дар дастрасӣ ба ёрии босифати тиббӣ шикоят мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Созмонҳо аз Олмон хостанд, ки Саидтаиб Саидмамудовро ихроҷ накунад

Ҳаракати сиёсии "Гурӯҳи 24" аз мақомоти Олмон даъват кардааст, ки аз ихроҷи Саидтаиб Саидмамудов, ҷонибдори ин ҳаракат ва намояндаи ҷомеаи помириҳо ба Тоҷикистон пешгирӣ кунанд.

Хадамоти муҳоҷират аз ҷамъоварии пул барои кумакҳо ҳушдор дод

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, бархе афрод ва бунёдҳои қалбакӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо нашри аксу наворҳои сохта аз мардум пул ҷамъ мекунанд.

Демократҳо дар интихоботи миёндавраии ИМА пешсаф шуданд

Ҳизби демократи Амрико бо пирӯзии аксарият бар ҷумҳурихоҳони ин кишвар дар ҳарду палатаи Конгресс ғолиб омаданд.

Вазорати мудофиа: Беш аз 97 дарсади нақшаи даъвати тирамоҳӣ иҷро шуд

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон рӯзи 2-юми ноябр хабар дод, ки дар моҳи аввали даъвати тирамоҳӣ беш аз 97 дарсади нақшаи даъвати сарбозон ба артиш иҷро шудааст.