20.9 C
Dushanbe

Изҳори сипоси Туркия аз Тоҷикистон

Сафири Туркия барои пароканда кардани пайравони Фатулло Гюлен, ҷараёни мухолифи Раҷаб Таййиб Ардуғон дар Тоҷикистон аз мақомоти кишвар сипосгузорӣ кардааст.

15-уми июли соли 2024, Умут Аҷар, сафири Туркия дар Тоҷикистон бо нашри як матлаби муфассал дар бораи ҳодисаҳои хунини Туркия дар соли 2016 ва пароканда кардани ҷонибдорони аршади Фатулло Гюлен, раҳбари ФЕТО дар Тоҷикистон аз мақомоти Душанбе сипосгузорӣ кардааст.

Сафири Туркия таъкид кардааст: “Мехоҳам ба Президент Раҳмон ва давлати Тоҷикистон барои ҳамкорӣ ва ҳамбастагии Тоҷикистон бо кишвари мо дар мубориза бо ФЕТО изҳори сипос намоям.”

Ин изҳори сипоси сафири Туркия аз Эмомалӣ Раҳон ва мақомоти Тоҷикистон дар ҳоле нашр шуда, ки чанд соат пештар аз нашри ин матлаб, субҳи дирӯз, муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ӯро ба ҳузур пазируфта, дар бораи ҳамкориҳои ду кишвар “дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ” суҳбат карда буд.

Ин дар ҳолест, ки чанд рӯз қабл як гурӯҳ аз мусалмонони турк дар назди консулгарии Тоҷикистон дар Истанбул тазоҳурот карда буданд. Дар видеое, ки нашр шуда буд, дида мешуд як гурӯҳ аз шаҳрвандони турк зоҳиран дар назди консулгарии Тоҷикистон чамъ шуда, ва шиорхои “УМАТИ ИСЛОМ ЗАЛОЛАТРО ҚАБУЛ НАДОРАД”, ва “ҲАРАКАТИ ИСЛОМӢ МАНЪ КАРДА НАМЕШАВАД” шунида мешуд.

Инчунин Анҷумани олимони мусалмон (мақарраш дар Истанбул), бо нашри як изҳороти расмӣ манъи ҳиҷоби бонувон дар Тоҷикистонро маҳкум ва қарори ҳукумати Тоҷикистонро дар ин робита “мухолафати сареҳ бо шариати исломӣ” дониста, таъкид карда буд, ки мақомоти тоҷик бояд ин қарори худро бекор кунанд.

Гуфта мешавад, сарони Туркия ва Тоҷикистон мисли хеле аз кишварҳои дигари дунё, ҳар ду бархе мухолифони худро “террорист” эълон карда, бо тамоми талош алайҳи онҳо мубориза бурда, онҳоро ба халалдор кардани суботи ҷомеа ва амнияти шаҳрвандон айбдор мекунанд.

Аз сӯи дигар, мухолифони онҳо ҳам Раҷаб Таййиб Ардуғон ва ҳам Эмомалӣ Раҳмонро, яке зиёда аз 20 сол ва дуввумӣ беш аз седаҳсола сари қудрат ҳастанд, раҳбарони золим ва “диктатор” дониста, барои барканории онҳо аз қудрат талош доранд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Чархаи 7-уми НБО-и “Норак” фаъол шуд. Оё “лимит” аз байн меравад?

Рӯзи 24-уми апрели соли 2026 чархаи 7-уми Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" бо ҳузури раисҷумҳури кишвар Эмомлаӣ Раҳмон ба кор оғоз кард.

Бонкҳои Тоҷикистонро аз рӯйхати сиёҳи ИА берун карданд

Иттиҳоди Аврупо бонкҳои марбут ба наздикони Эмомалӣ Раҳмонро аз рӯйхати сиёҳаш берун кард.

Суръати интернет дар Тоҷикистон беҳтар шуд?

Тоҷикистон мавқеи худро дар радабандии ҷаҳонии суръати интернет беҳтар кард.

Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон: барканориҳо ва таъйиноти нав дар чанд ниҳод

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон тағйироти кадриро дар сохторҳои гуногуни давлатӣ анҷом дод.