Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

“Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд”. Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Криштиану Роналду, ҳамлагари португалӣ ва яке аз машҳуртарин футболбозони ҷаҳон, дар синни 41-солагӣ аз анҷоми фаъолияти худ дар ҳайати тими миллии Португалия хабар дод. Ӯ навишт, ки аз роҳи тайкардааш бо сари баланд ва ифтихор канор меравад. Роналду инчунин гуфт, ки пироҳани рақами 7-ро ба насли оянда месупорад, вале пуштибони дастаи кишварашро идома медиҳад ва ҳар пирӯзиро бо «Siuu»-и машҳури худ ҷашн мегирад.

Криштиану Роналду бо 234 бозӣ ва 146 гол дар тими миллии Португалия рекордҳои таърихии футболи дастаҳои миллиро сабт кардааст. Роналду соли 2016 Португалияро барои бори аввал қаҳрамони Аврупо кард ва солҳои 2019 ва 2025 бо дастаи миллӣ ду бор Ҷоми Лигаи миллатҳоро ба даст овард. Ин барандаи панҷкаратаи «Тӯби тиллоӣ» ҳамчунин аввалин футболбозест, ки дар шаш Ҷоми ҷаҳонӣ гол задааст.

Охирин мусобиқаи бузурги ӯ Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 буд. Португалия дар марҳилаи ҳаштякниҳоӣ бо ҳисоби 0:1 ба Испания, ки баъдтар қаҳрамони ҷаҳон шуд, дар муқобил шикаст хӯрд.

Видоъи Роналду баъд аз чанд ҳафтаи пурмоҷаро сурат гирифт. Моҳи сентябр ӯ пас аз ихтилоф бо сармураббӣ Жорже Жезуш урдуи дастаро бидуни иҷозат тарк кард. Роналду гуфт, ки сабаб иҷро нашудани ваъдаи сармураббӣ буд, вале Жезуш ин иддаоро рад кард. Роналду пас аз он узр пурсид ва омодагии худро барои бозгашт изҳор кард, аммо Федератсияи футболи Португалия ӯро барои 30 рӯз аз бозиҳо маҳрум кард ва 255 евро ҷарима баст.

Пас аз эълони Роналду ҳама дар Португалия вокуниш нишон доданд. Федератсия аз ӯ барои саҳмаш дар таърихи футболи кишвар сипосгузорӣ кард. Жезуш гуфт, ки мехост Роналду дар даста бимонад, вале тасмими ӯро эҳтиром мекунад. Бруну Фернандеш ҳамсафашро «манбаи илҳом» номид, ва сарвазир Луиш Монтенегру навишт, ки дастовардҳои Роналду барои Португалия «ҷовидона» хоҳанд монд.

Бо вуҷуди видоъ аз дастаи миллӣ, Роналду аз футбол намеравад, ӯ ҳамчунон дар ҳайати бошгоҳи саудии «Ал-Наср» бозӣ мекунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти гурӯҳре, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол додаанд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.

Амрико як шаҳрванди Тоҷикистонро барои кумак ба хариди силоҳ барои Эрон таҳрим кард

Департаменти давлатии ИМА рӯзи 4-уми ноябр алайҳи се шахс ва чанд ширкат таҳрим ҷорӣ кард, ки дар миёни онҳо як шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳаст.