Қонуни муҳоҷират дар Русия сахттар мешавад

Вакилони Думаи давлатии Русия барои cахттар кардани будубоши муҳоҷирон 25 тағйиротро ба қонуни муҳоҷирати ин кишвар баррасӣ доранд.

Бар асоси яке аз ин тағйиротҳо, ки дар хониши дуюми вакилон ба қонуни муҳоҷирати Русия ворид карда мешавад, муҳлати дар боздошт нигоҳ доштани хориҷиҳо ва шахсони бесанад аз 90 рӯз ба 48 соат кӯтоҳ хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, вакилони рус дар хониши аввал ба полис ҳақ дода буданд, ки шаҳрвандони хориҷиро аз Русия бе қарори додгоҳ ихроҷ кунанд. Акунун агар пулис қарори ихроҷи ягон муҳоҷирро аз хоки Русия содир кунад, ин нафар фақат ду шабонарӯз вақт дорад, ки аз кишвар биравад ва танҳо қарори дигари додгоҳ нисбати ин муҳоҷир метавонад монеи ихроҷи ӯ шавад.

Инчунин мақомоти рус мехоҳанд ба муҳоҷирон гирифтани симкортро бисёр сахт кунанд ва то замоне ки худашон ба идораи ширкати мобилӣ наоянду қарордод набанданд, шумораи телефон гирифта наметавонанд.

Дар дигар лоиҳаҳои тағйирот ба қонуни муҳоҷират ба вакилони рус пешниҳод шудааст, ки масъулияти ҷиноӣ барои ташкили муҳоҷирати ғайриқонуниро пурзӯр, сомонаҳое, ки ба фурӯши ҳуҷҷатҳои қалбакӣ машғуланд, масдуд намоянд ва иштироки миёнаравҳоро дар имтиҳонҳои муҳоҷирон комилан манъ кунанд.

Пештар раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александ Бастрикин низ барои сахттар кардани назорат болои муҳоҷирон, гирифтан ва маҳрум кардан аз шаҳрвандии хориҷиҳо ба думаи давлатӣ пешниҳодҳо ирсол карда буд.

Гуфта мешавад, вазъи муҳоҷирон, бахусус зодагони Тоҷикистон дар Русия рӯз ба рӯз бадтар шуда, дар баробари тафтишу “рейдҳо” ва боло будани нархи “патент” дар ин кишвар қонунҳое, ки фаъолияти муҳоҷиронро маҳдуд мекунад, қабул мекунанд.

Аз ҷумла, моҳи октябри соли 2023 ба Думаи давлатӣ қабули тарҳи нави қонун пешниҳод шуд, ки бар асоси он ба шаҳрвандони хориҷӣ кор дар мактабу соҳаи дорусозӣ, сохторҳои давлатии тиббӣ, таксӣ ва интиқоли бор манъ мешавад.

Инчунин мақомоти ин кишвар пас аз ҳодиса хунин дар “Крокус сити ҳолл”, ки гумонбарони асосиаш зодагони Тоҷикистон гуфта мешаванд, рейдҳои сахтеро болои муҳоҷирони тоҷик ташкил карда, қисмеро ҷаримаву ихроҷ ва баъзеҳоро ба ҷанг дар Украина фиристоданд.

Ҳатто ҳолатҳое буданд, ки мақомоти рус зодагони Тоҷикистонро чандин рӯз дар сарҳаду фурӯдгоҳҳои Русия нигаҳ дошта ҳаққи ворид шудан ба хоки ин кишварро надоданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

HRW аз Олмон талаб кард, ки ихроҷи Асадулло Бобоевро шарҳ диҳад

Созмони байналмилалии Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) аз мақомоти Олмон талаб карда, ки ихроҷи фаъоли мухолифи тоҷик Асадулло Бобоевро ба Тоҷикистон шарҳ диҳанд.

Душанбе ва САҲА: идомаи ҳамкориҳо бо вуҷуди курсии холии Душанбе дар Варшава

Пас аз иштирок накардани Тоҷикистон дар нишасти САҲА, намояндаи ин ниҳод бо мақомоти тоҷик дар Душанбе гуфтугӯ карданд.

Рӯзи маҳбусони сиёсӣ: беш аз як миллион маҳбуси сиёсӣ дар ҷаҳон

То имрӯз дар саросари ҷаҳон беш аз як миллион нафар ба сабаби фаъолиятҳои сиёсӣ ва ё дигарандешӣ дар зиндонанд.

Муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ камтар, вале аз Ҳиндустон ва Чин бештар

Русия дар пасманзари ҷанг алайҳи Украина ва камбуди шадиди қувваи корӣ ҷалби муҳоҷирони кориро зиёд кардааст.