Аблуҳалим Ғафоровро ҳам аз вазифа ронданд

Абдуҳалим Ғаффоров пас аз 20 соли раисӣ дар Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон аз вазифааш барканор шуд.

Рӯзи 23-юми июли соли ҷорӣ Анҷумани ғайринавбатии ҲСТ дар бинои Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ин анҷуман Абдуҳалим Ғаффоров бо хоҳиши худ аз вазифа канор рафта, Ғулом Ҳалимзода, ки раиси ҲСТ шаҳри Бӯстони вилояти Суғд буд, раиси ин ҳизб интихоб шудааст.

Дар анҷуман 3 номзад ба раисии ин ҳизб пешниҳод шуда, 2 тан ба нафъи Ҳалимзода аз рақобат даст кашиданд.

Бино ба иттилои “Asia-Plus”, Ҳалимзода пас аз интихоб шудан ба ҳамҳизбиёнаш ташаккур гуфта, таъкид кардааст, ки “Кӯшиш ба харҷ медиҳам, ки ҳизбро пеш барам, муттаҳид шавем ва ба қуллаҳои баланд расем”. Инчунин ӯ аз Абдуҳалим Ғаффоров хоҳиш кардааст, ки ҳамчун мушовири ҳизб фаъолиятро идома диҳад.

Абдуҳалим Ғаффоров, вакили парлумони кишвар сабаби маҳз дар ин шабу рӯз аз вазифа канор рафтанашро шарҳ надодааст, аммо гуфтааст, ки “дар натиҷаи мушоҳидаҳои бисёр ба хулосае омадем, ки Ҳалимзода Ғулом раиси ҲСТ интихоб карда шавад”. Аммо ӯ пеш аз ин анҷуман ба расонаҳо гуфта буд, ки номзадиашро боз барои раисии ин ҳизб пешниҳод хоҳад кард.

Бояд гуфт, ин аввалин тағйироти раис дар сафи ҳизбҳои Тоҷикистон нест. Пештар рӯзи 20-уми июли соли ҷорӣ дар Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, ки дар яке аз толорҳои Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон баргузор шуд, Рустам Қудратови 64-сола аз раисӣ барканор ва Ғиёсиддин Ашӯрзодаи 48-сола, ки то ин дам муовин буд, раиси нави ҲИИТ интихоб шуд.

Анҷумани ин ҳизбҳо дар ҳоле дар толори донишгоҳҳо баргузор мешавад, ки дар аксар ҳолат ҳукумат дар гузашта ба ҳизбҳои мухолифи мисли ҲНИТ ва ҲСДТ толор намедод ва ин ҳизбҳо маҷбур мешуданд анҷумҳои худро дар хона ё толори ҳизбашон баргузор кунанд.

Инчунин дар моҳи майи соли ҷорӣ, Ҳизби демократи Тоҷикистон Анҷумани ғайринавбатии худро баргузор намуда, Шӯрои сиёсии ин ҳизб Саидҷаъфар Усмонзодаро аз роҳбарии ҳизб барканор ва Шаҳбози Аброри 34-соларо раиси нави ҳизб интихоб кард. Худи Усмонзода Анҷумани ҳизб ва барканорияшро ғайриқонунӣ номида, ба Вазорати адлияи кишвар шикоят бурда буд. Аммо Вазорати адлия Шаҳбози Аброрро раиси расмии ин ҳизб донист.

Дертар Додситонии кулли Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзодаро бо иттиҳоми “ғасби ҳокимият” боздошт кард ва вакилии ӯ дар парлумон бекор гардид. Пас аз ӯ Аҳмадшоҳ Комилзода, муовини Усмонзода, ки дар Анҷумани ғайринавбатии ҲДТ муовини Шаҳбози Аброр инхоб гардида буд, низ бо ҳамин иттиҳом боздошт гардид.

Коршиносон ҳизбҳои дар боло зикршударо ҳизбҳои кисагӣ ё наздик ба ҳукумат меноманд ва мегӯянд, ки ин ҳизбҳо барои шаффоф нишон додани интихоботҳои парлумонӣ ва президентӣ дар кишвар фаъолият мекунанд, чун боре ҳам аз ҳукумат ва рафти интихобҳо дар кишвар интиқод накардаанд.

Муҳамадҷон Кабиров, коршиноси масоили сиёсӣ мегӯяд, тағйир ва ҷавонсозии раҳбарони ҳизбҳо, боздоштҳои ахири чеҳраҳои шинохта дар кишвар ва нопадид шудани Сӯҳроби Зафар, раҳбари “Гурӯҳи 24” аз Туркия ба омодагӣ барои интиқоли қудрат аз падар ба писар дар Тоҷикистон рабт дорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Шикояти зани маъюб: Хонаамро гирфтанд ва худамро террорист эълон карданд

Холматова Гулчеҳра, зани маъюби 58-сола иддао дорад, ки мақомоти додситонии кишвар ба ноҳақ зиддаш парвандаи ҷиноятӣ боз карда, ӯро дар ҷустҷӯ қарор додаанд.

Аврупо бар зидди муҳоҷирон сахтгиртар мешавад

Парлумони Иттиҳоди Аврупо рӯзи 17-уми июн қонуни наверо тасвиб кард, ки тағйироти сахтгиронатаре дар сиёсати муҳоҷиратии ин иттиҳод дар солҳои охир ба ҳисоб меравад.

Наздикони Маҳмадалӣ Ҳайит аз шиканҷа шудани ӯ дар зиндон хабар медиҳанд

Наздикони Маҳмадалӣ Ҳайит, зиндонии сиёсӣ ва собиқ муовини раиси НИТ аз вазъ ва шароити нигаҳдории ӯ дар зиндон изҳори нигаронӣ кардаанд.

Трамп ва Пизишкиён тафоҳумномаи миёни ИМА ва Эронро имзо карданд

Президенти Амрико Доналд Трамп ва президенти Эрон Масъуд Пизишкиён тафоҳумномаи миёни ду кишварро имзо кардаанд.