Раҳбари ҷадиди ҲАМОС кист?

Ҷунбиши ҲАМОС рӯзи сешанбе, 6-уми август бо судури баёнияе ҷойниши ҷадиди Исмоил Ҳания, собиқ раҳбари сиёсии ин ҷунбишро эълом кард.

Шӯрои раҳбарии ҲАМОС дар баёнияи худ Яҳё Синворро, ки аз раҳбарони аршади ин ҳаракат буд ва Исроил ӯро мағзи мутафаккир ва идоракунандаи асосии ҷанг дар Ғазза медонад, раҳбари сиёсии худ интихоб кард.

Гуфта мешавад, пас аз террори Исмоил Ҳания, собиқ раҳбари ин ҷунбиш, ки дар Қатар зиндагӣ мекард ва ҳафтаи гузашта барои иштирок дар маросими савгандёдкунии раисҷумҳурии тозаинтихоби Эрон Масъуд Пизишкиён ширкат кард, кушта шуд.

Эрон террори Ҳанияро кори дасти Исроил унвон кард, вале Исроил то ҳанӯз инро расман на рад ва на тасдиқ кардааст.

Исроил Яҳё Синворро “хатарноктарин” раҳбари ҲАМОС эълон карда буд ва барои террори ӯ садҳо ҳазор доллар мукофот таъйин кардааст. Баъзе коршиносон бар ин назаранд, ки интихоби Синвор ҳамчун раҳбари сиёсии ин ҷунбиш дар ин вақти ҳассос паёмҳои бузурге ба Исроил дошт. Аз ҷумла, ба гуфтаи онҳо, Исроил Ҳанияро “раҳбари мутътадил” медонист, акнун бо раҳбари шадидтаре мувоҷеҳ хоҳанд шуд ва шахсест, ки аз Ҳания дида ба маротиб дар умури сулҳ ва ҷанг шадидтар аст. Ва паёми дигари интихоби Синворро таҳлилгарон “баёнгари устувории муқовимат дар дохили Ғазза” медонанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

“Турки босмачӣ” ва.. “тоҷики сурх”?

Баъди ҳабси як блогери муҷоҳидситези узбек, баҳси босмачиҳо дар...

Қонун барои ҳама: Дар Суғд мардон низ аз ҳаққи гирифтани алимент истифода мекунанд

Дар вилояти Суғд на танҳо занон, балки мардон ҳам аз ҳамсарони собиқи худ барои нигоҳубини фарзандон алимент мегиранд.

Содир Ҷабборов мехост курсии президентиро ба Тошиев вогузорад, аммо…

Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон гуфта, ки омода буд дар интихоботи президентии соли 2027 номзад нашавад ва аз номзадии "дӯсташ" Қамчибек Тошиев ҳимоят кунад.

Талафоти нерӯи барқ дар вилояти Хатлон аз 20% бештар шудааст. Мушкил дар куҷост?

Давоми ҳафт моҳи соли ҷорӣ талафоти нерӯи барқ дар бархе ноҳияҳои вилояти Хатлон аз 20 дарсад ҳам бештар шудааст.