Соҳибкор бо фармони Рустами Эмомалӣ роҳи сокинонро хароб кард

Як гурӯҳ аз сокинони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо навиштани аризаи шикоятӣ аз шаҳрдор Рустами Эмомалӣ барои ҳалли мушкилашон кумак хостанд.

Дар ин номаи дастаҷамъӣ, ки дар гурӯҳи фейсбукии “Ахбор барои афкор” аз номи корбар Одилов Дилшод нашр шудааст, сокинони кӯчаи Аҳмади Дониш 3, аз он шикоят карданд, ки дастаҷамъона бо кумаки саҳибкорон назди бинои иқоматгоҳи худро пурра асфалтпӯш карда, дарахту гулҳо шинонда буданд. Аммо дере нагузашта соҳибкоре, ки дар наздикии онҳо ба сохтани бинои баландошёна машғул аст, бо кашондани борҳои вазнин бо мошинҳои сангин заҳмату хароҷоти онҳоро барбод дадааст ва роҳи сохтаи сокинонро хароб кардааст.

Сокинони ин маҳал мегӯянд, талошҳояшон барои пешгирӣ аз харобкории ин соҳибкор ба масъулони ноҳияи Шоҳмансур, Раёсати корҳои дохилӣ ва шаҳрдори Душанбе бе натиҷа будааст. Муовини раиси ноҳия ба сакинон гуфтааст, ки сохтмони биное, ки соҳибкор сохтаистодааст, бо фармони Рустами Эмомалӣ аст. Аммо сокинон мегӯянд, набояд бо баҳонаи обод кардан, боз як ҷои ободи дигарро хароб кард.

Дар идомаи ин шикоятнома сокинони кӯчаи Аҳмади Дониш 3, ёдовар шудаанд, ки соли 2020 барои сохтани як  майдончаи варзишиву тафриҳӣ барои кудакон дар ин кӯча ба шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ нома навишта буданд, аммо мутаассифона, то ҳол шаҳрдор ба номаи онҳо посух надодааст.

Ин шикояти сокинон дар ҳоле аст, ки Эмомалӣ Раҳмон падари Рустами Эмомалӣ ҳамеша аз мардум даъват мекунад, ки дар ободкории маҳаллаҳои макони зисташон саҳмгузор бошанд.

Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, дар бисёр ҳолатҳо соҳибкороне ҳастанд, ки омада дар назди биноҳои истиқоматӣ боз хонаҳои баландошёна месозанд, онҳо баъзан вақт боғчаи кӯдакон ва ҷойҳои тафреҳиро хароб мекунанд, ба зиндагии сокинони таҳҷоӣ халал эҷод мекунанд, аммо касе ҳозир нест пеши роҳи онҳоро бигирад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Музокироти ғайримустақими Эрону Амрико ба марҳилаи ниҳоӣ мерасад

Музокироти ғайримустақими Эрону Амрико, ки пас аз даргирии ҷонибҳо дигарбора оғоз шудааст, ба марҳилаи ниҳоӣ наздик мешавад.

Дар Русия муҳоҷирон маҷбуранд дар барномаи “Амина” худро сабтином кунанд

Русия истифодаи замимаи мобилии "Амина"-ро барои доираи бештари шаҳрвандони хориҷӣ ҳатмӣ мекунад.

Шикояти як зан аз бадрафторӣ ва латукӯб дар маркази визадиҳии Туркия

Як зани тоҷик иддао мекунад, дар маркази визадиҳии Туркия дар Душанбе аз ҷониби чанд корманди он мавриди бадрафторӣ ва латукӯб қарор гирифтааст.

Додгоҳи Австрия истирдоди Шавкати Муҳаммад ва ду узви хонаводаашро ба Тоҷикистон рад кард

Додгоҳи Венаи Австрия дархости Тоҷикистонро барои истирдоди Шавкати Муҳаммад ва модару бародараш рад кард.