Пулиси Русия субҳи барвақти 5-уми октябр дар чаҳор сохтмон дар ноҳияи Приморскийи шаҳри Санкт-Петербург рейд гузаронида, муҳоҷирони зиёдеро дастгир кардааст.
Навори ин амалиётро хадамоти матбуотии Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Русия дар Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград нашр кардааст. Дар навор дида мешавад, ки кормандони пулис ба вагончаҳои истиқоматии коргарон ворид шуда, онҳоро бо суханони “Бедор мешавем!” аз хоб бедор мекунанд.
Рейд дар сохтмонҳои воқеъ дар кӯчаи Плесетская гузаронида шудааст. Кормандони пулис дар натиҷа ҳуҷҷатҳои 514 нафар муҳоҷири корӣ санҷидаанд ва шаш нафарро бо иттиҳоми вайрон кардани қонунгузории муҳоҷират (моддаи 18.8 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Русия) ба шуъбаҳои пулис бурдаанд. Дар сурати тасдиқ шудани чунин қонуншиканӣ, вобаста ба ҳолати парванда, ба шаҳрванди хориҷӣ метавонад аз 5 то 7 ҳазор рубл ҷарима таъин карда шавад ва дар баъзе ҳолатҳо додгоҳ метавонад қарори хориҷ кардани муҳоҷирро аз қаламрави Русия содир кунад.
Ҳамзамон кормандони Бозрасии давлатии бехатарии ҳаракати роҳ 87 мошинро санҷиданд, ки аксарашон муҳоҷирон будаанд ва дар наворҳо шиносномаи тоҷикӣ низ дида мешавад.
Бояд гуфт, чунин рейдҳо дар сохтмонҳои Санкт-Петербург қариб ба таври доимӣ гузаронида мешаванд. Аз ҷумла, рӯзи 3-юми октябр пулис дар як сохтмон дар ноҳияи Московскийи шаҳр ҳуҷҷатҳои тақрибан 300 шаҳрванди хориҷиро санҷида, панҷ нафарро бо далели эҳтимоли вайрон кардани қонунгузории муҳоҷират ба шуъбаи пулис бурдаанд.
Дар охири моҳи август низ дар сохтмонҳои Кронштадт ва ноҳияи Ломоносови вилояти Ленинград санҷишҳо гузаронида шуданд. Пулис хабар дода буд, ки дар ҷараёни ин амалиёт шаҳрвандони хориҷие ошкор шудаанд, ки гӯё ба вайрон кардани қоидаҳои будубош дар Русия гумонбар мебошанд.
Ба ин монанд рейдҳо дар минтақаҳои дигари Русия, бахусус ҷойҳое, ки бештар муҳоҷирон ҷамъ мешаванд, мисли қаҳвахонаву бозор ва хобгоҳ низ зуд-зуд баргузор мешаванд.
Дар баробари тафтиши асноди будубош, мақомоти рус, инчунин, онҳоеро меҷӯянд, ки ба наздикӣ шаҳрвандии Русияро гирифтаанду худро дар комисариатҳои ҳарбӣ сабти ном накардаанд. Ин гуна афродро ба комисариатҳои ҳарбӣ мебаранду ба ҷанги зидди Украина мефиристанд ва ҳар нафаре, ки рафтан ба хидмат ё ҷангро рад кунад, шаҳрвандияш бекор ва аз Русия ихроҷ мешавад. Ва ҳатто дар аксар ҳолатҳо ба муҳоҷироне, ки шаҳрвандӣ надоранд бар ивази шиносномаи русӣ рафтан ба ҷангро пешниҳод мекунанд.
