Гази моеъ 20 дирам арзон шуд

Ин ҳафта ба сабаби бардоштани маҳдудиятҳои фурӯши гази моеъ дар пойтахти кишвар нархи он каме арзон шудааст.

Ҳоло арзиши 1 литр гази моеъ, ки дар Тоҷикистон серистеъмол аст, дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории шаҳри Душанбе ва атрофи он 8,00 сомонӣ то 7,80 сомонӣ фурӯхта мешавад.

Пеш аз бардоштани маҳдудиятҳо арзиши 1 литр гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории пойтахт ба қимати 8,20 сомонӣ фурӯхта мешуд.

Ба иллати гармии ҳаво ва барои пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохӯш дар нуқтаҳои фурӯшии гази моеъ, ки ба талаботҳои бехатарӣ ҷавобгу набуданд, фурӯши ин навъи сӯзишворӣ аз тарафи шаб иҷозат шуда буд. 

Ёдовар мешвем, ки дар оғози нимсолаи дуюм нархи гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар тамоми кишвар беш аз 40 % гарон шуда, аз 5 сомонию 80 дирам барои як литр ба 8 сомонӣ расида буд.

Он замон Вазорати энергетикаи кишвар гарон шудани қимати гази моеъро ба кам будани талаботи сокинон ва зиёд шудани автомобилҳои барқӣ рабт дода буд.

Коршиносон иддаои Вазоратро мантиқӣ намедонанд ва мегӯянд, баръакс, бо кам шудани талабот нархҳо бояд поин раванд ва иллати асосии болоравии нархҳоро ба набудани рақобат дар ин соҳа ва инҳисори он аз ҷониби наздикони раисҷумҳур медонанд.


Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Чаро Русия ба муҳоҷирони Осиёи Марказӣ пушт гардонд?

Дар ҳоле, ки Русия шадидан ба қувваи корӣ ниёз...

Баҳси бесобиқа дар футбол: Ҷоми ҷаҳон ё Инфантино?

Иттиҳоди ассотсиатсияҳои футболи Аврупо (УЕФА) ва ҳамаи 55 федератсияи...

Чин дар Душанбе корхонаи муосири коркарди партов месозад

Мақомоти Тоҷикистон раванди ҷалби сармоя ва технологияҳои чиниро барои...

Афзоиши норасоии ҷойҳои нишаст дар мактабҳо бо вуҷуди таъсиси 85000 ҷойи нави нишаст

Вазорати рушди иқтисод ҳамроҳ бо ҳукумати Тоҷикистон барои бештар...