Чаро Раҳмон иншооти сохати хориҷиҳоро ҳам ба номи худ сабт мекунад? 

Эмомалӣ Раҳмон 12-уми сентябр зимни сафари корӣ дар ноҳияи Тоҷикобод аз ҷараёни бунёди маҳаллаи нав дар деҳаи Сафедмуни ҷамоати деҳоти Қалъаи лаби об боздид кард.

Гуфта мешавад, деҳаи Сафедмун дорои 430-хоҷагӣ ва 4-ҳазор аҳолӣ буда ва маҳаллаи навбунёд, ки ибоарт аз 60 хонаи истиқоматӣ аст, барои қишри ниёзманди ноҳия, аз ҷумла ятимону маъюбон, бенавоён ва мисли онҳо сохта мешавад. 

Хадамоти матубуоти раисҷумуҳур танҳо ишора карда, ки “ин лоиҳаи иншооти мазкур дар заминаи ҳамкории ҷамъияти хайриявии “Тоҷикистон” бо шарикони хориҷии рушд бунёд мегардад”.

Аммо дар хабар гуфта нашудааст, ки он шарики хориҷӣ кадом кишвар аст ва кадом мақсаду шурут барои тоҷикони муҳтоҷ манзил бунёд мекнад. Нуктае, ки корбарон онро ба чолиш кашидаанд ва суол додаанд, ки чаро раисҷумуҳур ҳама чизро ба худаш рабт медиҳад? Дар ҳоле, ки онро дигарон месозанд.

Ин ягона ҳолате нест, ки мубаллиғони раисҷумуҳур ҳангоми итфитоҳи иншооти сохати кишвару созмонҳои хориҷӣ, саҳмдорони аслии онро пинҳон кардаву навъе онро ба раисҷумуҳр рабт медиҳанд. 

Дар хабар зикр гардида, ки шарикони рушд аз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ буда, нақша доранд, дар он маҳаллаи навбунёд инчунин барои бунёди як мактаб низ маблағгузорӣ кунанд.

Аммо дафтари матбуоти раисҷумҳур менависад, ки маблағгузории шарикони рушд “бо роҳнамоии” Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст. Ҳамин аст, ки корбарон мепурсанд, чаро ҳар амали ободкорӣ бояд бо “роҳнамоӣ” ва “ҳидояти” шахси аввал сурат бигирад? Оё ин ба маънои заҳмату талоши дагаронро ба номи худ кардан нест?

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Wildberries, қарзи бонк ва тоҷики ҳалолкор

Зарбаҳои Укроин ба амборҳои бузургтарин бозоргоҳи (маркетплейс) Русия идома...

Дороиҳои миллиардии як зодаи Тоҷикистон

Фарзандони вакили Думаи давлатии Русия аз ҳизби ҳокими “Единая Россия” ва зодаи Тоҷикистон Раҳим Азимов соҳиби амволи гаронарзише мебошанд, ки арзиши умумии онҳо тақрибан ба 2 миллиард рубл мерасад. 

Бедарак шудани се духтари афғон дар Варшава

Дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон (Полша) се хоҳар, ки узви як хонавода ва зодаи Афғонистон ҳастанд, як ҳафта боз нопадид шудаанд. 

Муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия 18% коҳиш ёфта аст

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои кор ба Русия сафар кардаанд, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 дарсад кам шудааст.