Миёни Русияву Тоҷикистон раводид ҷорӣ мешавад?


Раҳбари ҳизби “Справедливая Россия – За правду” ва вакили Думаи давлатии Русия Сергей Миронов бори дигар хостори ҷорӣ кардани низоми раводид бо кишварҳои Осиёи Марказӣ шуд.

Ба иддаои Миронов, дар баъзе аз гӯшаҳои Русия сокинони маҳаллӣ маҷбур шудаанд аз хонаву зодгоҳашон бикӯчанд, чун муҳоҷироне, ки аз Осиёи Марказӣ омадаанд, дар онҷо қонунҳои худро ҷорӣ кардаанд ва бояд ҷорӣ кардани раводид бо ин минтақа ба таври ҷиддӣ баррасӣ шавад.

Дар гузашта низ ин вакили муҳоҷирбадбин борҳо аз мақомоти Русия хоста буд бо кишварҳои ОМ, аз ҷумла бо Тоҷикистон раводид ҷорӣ карда шавад.

Ӯ бар ин бовар аст, ки ҷорӣ шудани раводид бо кишварҳои ОМ афзоиши ҷинояткорӣ ва вуруди навъҳои нави коронавирус ба кишварро маҳдуд мекунад.

Миронов ҳамчунин гуфта буд, ки русҳо бояд иқтисоди худро аз қувваи кории арзон муҳофизат кунанд, чун он рушди иқтисодро суст мекунад ва музди меҳнат баланд бардошта намешавад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки пас аз рейдҳои густардаи зидди муҳоҷирон, ки бо истирдод аз Русия ва фиристодани муҳоҷирон ба ҷанги зидди Украина анҷомида истодааст, ин кишвар даст ба ҷалби муҳоҷирон аз Ҳиндустон задааст, ки баёнгари ниёзи қувваи корӣ дар Русия мебошад.

Гуфта мешавад, ҳизби “Справедливая Россия – За правду” бо раҳбарии Сергей Миронов муаллифи чандин тарҳи қонунҳои зидди муҳоҷирӣ буда, ин ҳизб ҷонибдори манъ кардани ҷалби муҳоҷирон ба соҳаҳои иҷтимоӣ, ба мисли сохтмон ва нақлиёт мебошад.

Ҳамзамон Миронов борҳо гуфта буд, ки танҳо муҳоҷироне бояд ба Русия роҳ дода шаванд, ки дорои маълумоти биометрӣ ва суғуртаи тиббии пулакӣ ҳастанд ва вуруди муҳоҷирон бо оилаҳо маҳдуд шуда, танҳо ба онҳо усули кории “омад-кор кард-рафт” иҷозат дода шавад. Инчунин ҳизби ӯ пешниҳод карда буд, ки маблағи махсусе барои эҳтимоли ихроҷи муҳоҷирон аз онҳо пешакӣ ситонида шавад, то “бо пули андози русҳо” ин кор сурат нагирад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Бунёди роҳҳо бо қарз: Тоҷикистон барои бозсозии роҳ дар ВМКБ боз $30 млн қарз гирифт

Тоҷикистон барои бозсозии роҳи Рӯшон — Варзеш дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарзи нав ҷалб мекунад.

Нигаронии Душанбе ва Маскав аз вазъи Афғонистон

Русия ба Тоҷикистон дар робита ба авзои ахири амниятӣ дар Афғонистон ва инчунин бораи таъмини амнияти марзҳо итминон дод.

Истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои ноболиғон дар Тоҷикистон маҳдуд мешавад?

Эмомалӣ Раҳмон бо нигаронӣ аз афзоиши истифодаи телефонҳои ҳушманд ва шабакаҳои иҷтимоӣ миёни ноболиғон пешниҳод кард, ки ин масъаларо мақомот баррасӣ кунанд.

Дар 29 сол 29 ҳазор мутахассис бо квотаи президентӣ: чандтои онҳо сари коранд?

Аз соли 1997 то имрӯз 29 ҳазор донишҷӯ тариқи квотаи президентӣ пас аз хатми мактаби миёна ба донишгоҳҳои давлатӣ шомил шудаанд.