БОР ба Тоҷикистон $15 миллион кумак мекунад

Бонки Осиёии Рушд (БОР) маблағгузории иловагии грантии $15 миллионро барои Тоҷикистон тасдиқ кард.

Бино ба иттилои расмӣ, имрӯз, 8-уми октябри соли 2024 Бонки Осиёии Рушд кумаки 15 миллони долларии худро ба Тоҷикистон тасдиқ кард, то лоиҳаи ҷории барқарорсозии системаи барқии худро ба Системаи барқии Осиёи Марказӣ (СБОМ) тавассути пайвастшавӣ бо Узбекистон густариш диҳад.

Ин маблағгузории иловагӣ сохтмони хати нави интиқоли 500-киловолтаи 22 километриро дар шимоли Тоҷикистон байни зеристгоҳи Суғд ва зеристгоҳи нави Сирдарё дар Узбекистон дар бар мегирад. Ин иқдом барои васеъ кардани иқтидори интиқол барои содирот ва воридоти нерӯи барқ байни кишварҳои СБОМ, ки ба онҳо Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон дохил мешаванд, инчунин барои тақвият додани инфрасохтор ҷиҳати пешгирӣ аз қатъи нерӯи барқ мусоидат хоҳад кард.

Лоиҳа инчунин ба таъмини омодагии системаи барқии Тоҷикистон барои фароҳам овардани иқтидори танзимкунанда барои ҳамгироии ҳамвории энергияи барқароршаванда дар минтақа мусоидат хоҳад кард. Дар оянда он як ҷузъи калидии нақшаи интиқоли нерӯи барқи НБО Роғун дар Тоҷикистон хоҳад шуд.

Ба гуфтаи директори генералии АБР барои Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ Евгений Жуков: “Тавассути Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (CAREC), БОР фаъолона савдои нерӯи барқро дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва берун аз он дастгирӣ мекунад. Дастгирии мо устувории системаи минтақавии барқро беҳтар мекунад ва ба кам кардани ихроҷи газҳои гулхонаӣ дар минтақа мусоидат менамояд.”

Гуфта мешавад, Тоҷикистон соли 1998 ба БОР пайваст. Дар тӯли 26 сол, БОР ба Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногуни зиёда аз $2,7 миллиард, аз ҷумла зиёда аз $2,1 миллиард дар шакли грант, кумак кардааст.

Ин кумаку ғамхориҳои БОР ба Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳоле амалӣ мешаванд, ки тайи беш аз 25 сол ҳамасола ҳукумат дар фаслҳои тирамоҳу зимистон сокинони кишварро ба нерӯи барқ таъмин намекунад. Ҳукумати тамоми фаслҳои сол ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Узбекистону Қирғизистон ва Афғонистон беист нерӯи барқ мефурӯшад, вале дар таъмини нерӯи барқ барои сокинони кишвар маҳдудиятҳои нав ба нав ҷорӣ мекунад.

Ҳукумати Тоҷикистон дар тӯли беш аз 33 соли ахир чандин миллиард доллар аз давлатҳо ва созмонҳои мухталифи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ дарёфт кардааст, ки бо таваҷҷуҳ ба афзоиши фасоди идорӣ ва молие, ки дар байни мақомдорон ва кормандони давлатӣ густариш ёфтааст, дардсади зиёде аз ин кумакҳо дар ҷойҳои худ сарфу харҷ намешаванд. Ба ҳамин хотир ҳанӯз Тоҷикистон наметавонад, ки аз буҳронҳои иқтисодӣ ва камбуди нерӯи барқ халос шавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

На исломӣ ва на демократӣ: Сиёсати паёмрасонии Душанбеву Теҳрон дар ҷанозаи Хоманаӣ

Баргузории ҷаноза дар рӯзи ҷашни 250-солагии истиқлоли Амрико низ ба чолиш кашидани ин кишвар ҳади ақал дар ҷанги иттилоъотӣ буд.

Буҳрони сӯзишворӣ дар Русия ба Тоҷикистон низ таъсир расонд

Буҳрони сӯзишворӣ дар Русия, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои паҳподии Украина ба корхонаҳои коркарди нафт ба вуҷуд омад, ба Тоҷикистон низ таъсири худро расондааст.

Баҳс сари бозии Аргентина ва Миср идома дорад

Баҳсҳо перомуни бозии даври ҳаштякниҳоии Ҷоми ҷаҳонии 2026 байни дастаҳои мунтахаби Аргентина ва Миср, ки бо ҳисоби 3:2 ба нафъи мунтахаби Аргентина анҷом ёфт, то ҳанӯз идома дорад.

Вазири маориф ба қазияи латукӯби омӯзгор посух дод. Чи посухе!

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон гуфт, ҳам омӯзгори латукӯбшуда ва ҳам донишомӯз гунаҳкор дониста, ҷарима шуданд.