5.9 C
Dushanbe

Талаби озодии маҳбусони сиёсӣ аз ҷониби як созмони мухолифи режими Раҳмонов

Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон дар муроҷиате аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостааст, ки барои ҳимояи ҳуқуқи инсон ва қатъи саркӯбҳо дар Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмон фишор оранд.

Дар ин муроҷиатнома, ки Шарофиддин Гадоев, раиси ҷунбиш онро нашр кардааст, аз ҳукуматҳои ИМА, Бритониё, Олмон, Фаронса ва дигар кишварҳои аврупоӣ даъват шудааст, ки барои озодии фаврӣ ва бечунучарои тамоми маҳбусони сиёсӣ, инчунин хотима бахшидан ба таъқиби рӯзноманигорон, ҳомиёни ҳуқуқ ва фаъолон дар Тоҷикистон талош кунанд.

Шарофиддин Гадоев бори дигар аз ҳукумати ин кишварҳо хостааст, аз ташаббусе, ки барои муколамаи сулҳомез ва созанда байни мухолифини тоҷик ва ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон пеш гирифта шудааст, дастгирӣ кунанд.

Пешниҳоди муколамаи мухолифон ва Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ӯ рӯзи 1-уми октябри соли ҷорӣ дар нишасти Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар мавриди санҷиш ва баҳодиҳии ҳуқуқи инсон дар шаҳри Варшава, пойтахти Лаҳистон садо дода буд.

Ба боварии Гадоев, дар пасманзари буҳрони сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва башарӣ, ки метавонад дар Тоҷикистон шиддат ёбад ва тамоми кишварҳои Осиёи Марказиро фаро гирад, иштироки фаъолонаи ҷомеаи байналмилалӣ барои пешгирӣ аз нооромӣ ва таъмини субот дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон аҳамияти аввалиндараҷа хоҳад дошт.

Аммо боз дар муроҷиати ин созмони мухолифи Раҳмонов, гуфта мешавад, ки роҳҳои осоишта барои ҳалли буҳрон тавассути муколама амалан дигар вуҷуд надоранд ва бисёр шаҳрвандон ба имконияти тағйироти демократӣ дар Тоҷикистон боварии худро аз даст додаанд ва ин боиси хатарҳои ҷиддии бесуботӣ дар минтақа мегардад ва метавонад ба пайомадҳои пешгӯинашаванда оварда расонад.

“Тоҷикистон, ки дар як буҳрони амиқи иқтисодӣ ва сиёсӣ қарор дорад, дар сурати ба зудӣ андешида нашудани чораҳои рафъи муноқиша, ба таҳкими ҳаракатҳои ифротгароӣ ва муҳоҷирати оммавии мардум дучор мешавад. Таназзули иқтисодӣ ва саркӯбҳои сиёсӣ барои радикализатсия заминаи мусоид фароҳам меорад, ки метавонад на танҳо кишвар, балки минтақаро низ ноором созад” – омадааст дар Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон.

Ҷунбиш ҳамчунин аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват карда, ки ба режими имрӯзаи Тоҷикистон барои баргузории интихоботи озоду одилона бо ширкати тамоми нерӯҳои сиёсӣ фишор оваранд.

Дар баробари ҷонибдорӣ аз муколамаи мухолифин ва Эмомалӣ Раҳмон, ҷунбиш аз созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ даъват мекунад, ки дар бораи ҷиноятҳои ин режим, аз қабили қатли ом ва шиканҷа тафтишот оғоз кунанд ва Эмомалӣ Раҳмону атрофиёнашро ба ҷавобгарӣ кашанд.

Ин бори аввал нест, ки як созмони мухолиф талаби озоди маҳбусони сиёсӣ ва қатъи саркӯбҳо дар Тоҷикистонро мекунад, аммо ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистон бо раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ин талабу дархостҳоро нодида гирифта, то ҳанӯз ба саркӯбҳо идома медиҳад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Режими Раҳмонов фишор болои дигарандешонро сахттар кардааст

Дидбони Ҳуқуқи Башар (HRW) аз идомаи саркӯби озодии баён ва боздошти фаъолону мухолифин, рӯзноманигорон ва ҳомиёни ҳуқуқ дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард.

Ҳаво сард мешавад! Ҳушдори КҲФ ба сокинони кишвар

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, аз 17-ум то 20-ум январ дар кишвар ҳавои сард, боридани барфу борон пешбинӣ мешавад.

Ҳиндустон густариши фарҳангии худро дар Тоҷикистон бештар мекунад

Сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон Раҷеш Уйке бо вазири фарҳанги Тоҷикистон, Сатториён Матлубахон Аминзода мулоқот анҷом дод.

Имзои санадҳои муҳим байни Тоҷикистону Эрон

Президентҳои Тоҷикистону Эрон Эмомалӣ Раҳмон ва Масъуд Пизишкиён чандин санади ҳамкориро ба имзо расондаанд.