4.9 C
Dushanbe

Муфтии Тоҷикистон дар намози ҷумъа ҳамла ба худашро шарҳ дод

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар хутбаи намози ҷумъаи рӯзи 18-уми октябр қазияи ҳамла ба худашро шарҳ дод.

Абдулқодирзода суханронии рӯзи ҷумъаашро дар мавзуи “ифротгароӣ” бахшида, зимни суҳбатҳояш гуфт, шахси ҳамлагареро, ки моҳи пеш бо корд ба ӯ ҳамла карда буд, намешиносад. Танҳо барояш гуфтаанд, ки падараш муаллими кадом мактаб будааст ва модараш ҳам дар ҳамон мактаб фаррош кор мекардааст.

Муфтии ҷумҳурӣ дар суҳбаташ гуфт, ки “Аз ман пурсидан бародаро, ки чӣ кораш кунем, гуфтам, Худованд ҳидояташ кунад тамом.” Вале, Вазорати корҳои дохилӣ пас аз ҳодиса гуфта буд, ки муҳоҷим бо иттиҳоми “Авбошӣ” боздошт шудааст. Ва ҳоло парвандаи ӯ то куҷо расида ва боз ба кадом ҷурм муттаҳам шудааст, маълум нест.

Муфтӣ бо интиқод аз гурӯҳҳои тундрав гуфт, ки онҳо шахсони бесаводанд ва бо ин корашон гӯё хидмат ба ислом кардаанд. “Ҳамин гурӯҳҳои тундрав, аслашонро бубинед, мусалмон нестанд. Инҳоро ба воситаи Интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ даъват мекунанд. Инҳоро ба воситаи Интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ даъват мекунанд. Ҳомон одамҳоеро, ки инҳоро даъват кардаанду супориш доданду инҳо анҷом доданд, аз пеш дидагӣ нестанд.“, таъкид кард Абдулқодирзода.

Раиси Шӯрои уламо мегӯяд, кори ҳамешагии гурӯҳҳои тундрав куштану пароканда кардани мусалмонҳост. Аммо мегӯяд, ки бо онҳо дар робита аст. Ӯ чунин афзуд: “Аз ҳамин гурӯҳҳои тундрав як нафаашро мешиносам, гоҳ-гоҳ мешинем суҳбат мекунем. Кораш фақат олими динро танқид кардан аст.

Абдулқодирзода аз он шиносаш “шайтон дар сурати инсон” тавсиф кард, ки ба гуфтаи ӯ, “кораш ҳамеша дар ҷомеа фитна андохтану пароканда кардани мардуми мусалмон аст.” Вале ӯ дар ҳоле мегӯяд, ки бо чунин гурӯҳҳо шиносоӣ ва робита дорад, ки мақомоти кишвар бо баҳонаи тундгароӣ робита доштан бо чунин гурӯҳҳо садҳо ҷавонро муттаҳам карда, зиндонӣ намудаанд.

Ёдовар мешавем, ки 11-уми сентябри соли ҷорӣ баъди адои намози аср дар масҷиди марказии шаҳри Душанбе ба ҷони Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Макарзи исломии Тоҷикистон сӯиқасд анҷом шуд. Дар натиҷа ӯ аз пешонияш захмӣ гашт, ки то ҳол дар ин навор осори он захм дида мешавад.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон фардои он рӯз хабар дод, ки шахси ҳамлагар боздошт шудааст, вале ҳувияти ӯ ва ангезаи асосии ҳамларо шарҳ надод.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Баррасии ҳамкориҳои сармоягузории ИА ва Тоҷикистон

Дар шаҳри Душанбе вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ мешавад.

Зодаи Душане муовини раиси КДАМ-и Қирғизистон шуд

Дар Бишкек пас аз барканории Қамчибек Тошиев аз мансабаш раванди тағйироти кадрӣ дар сохторҳои қудратӣ идома дорад.

Коҳиши бесобиқаи иштироки тоҷикон дар барномаи “Переселения”-и Русия

Бино ба иттилои мақомоти Русия, таваҷҷуҳи шаҳрвнадони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба барномаи "Переселения" барои оилваӣ кӯчидан ба Русия бесобиқа коҳиш ёфтааст.

Талошҳои БМТ барои дур задани таҳримҳои ИА аз се бонки тиҷоратии кишвар

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) бо таъсиси гурӯҳи кории махсус талош дорад бо Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар мавриди таҳримҳои ҷоришуда бар зидди бонкҳои Тоҷикистон гуфтушунид кунад.