Як ронандаи таксии шаҳрванди Тоҷикистон дар Лаҳистон ба куштор гумонбар аст

Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар садамаи маргбор дар гузаргоҳи пиёдагардон дар Варшава гумонбар дониста мешавад, пас аз марги ҷабрдида Лаҳистонро тарк кардааст.

Ба гузориши расонаи лаҳистонии Wirtualna Polska, ҳодиса 1-уми июни соли 2026, тақрибан соати 20:00, дар хиёбони Aleja KEN (Комиссияи маорифи миллӣ) дар ноҳияи Урсинови Варшава рух додааст. Наталия Борухаваи 46-сола, шаҳрванди Белорус ҳангоми гузаштан аз гузаргоҳи пиёдагардон зери чархи таксие мондааст, ки онро шаҳрванди Тоҷикистон бо номи Шаҳноз М. идора мекардааст.

Ба гуфтаи шоҳидон ва бар асоси наворҳои дурбини назоратӣ, мошин ба зан ду маротиба бархӯрда, дар ниҳоят ӯро ба мошини тамғаи BMW фишурдааст. Ҷабрдида бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон интиқол ёфта, панҷ амалиёти ҷарроҳиро паси сар кардааст. Аммо 16-уми июн, пас аз 15 рӯзи бистарӣ шудан, даргузаштааст.

Ба гузориши расонаҳои лаҳистонӣ, рӯзи 16-уми июн, пас аз марги Наталия, додситонӣ тафтишоти расмиро оғоз карда, дастур додааст, ки шоҳидон бозпурсӣ ва наворҳои дурбини назоратӣ баррасӣ шаванд. Рӯзи 17-уми июн мақомот бори аввал вазъи будубоши гумонбарро санҷидаанд. Вале ӯ ҳамон рӯз Лаҳистонро тарк кардааст.

19-уми июн додситон ба таври ғоибона ба Шаҳноз М. иттиҳоми сабабгори садамаи марговар буданро эълон карда, барои боздошти ӯ дастур додааст. Аммо он вақт гумонбар аллакай хоки Лаҳистонро тарк карда будааст.

Ба иттилои мақомоти ин кишвар, Шаҳноз М. барои кор дар як ширкати сохтмонӣ дар шаҳри Шетсини Лаҳистон раводид гирифта будааст. Аммо маълум нест, ки чаро дар Варшава ба ҳайси ронандаи таксӣ фаъолият мекард.

Тибқи маълумоти расонаҳои маҳаллӣ, рӯзи 2-юми сентябр парвандаи мазкур ба додгоҳ фиристода шудааст, то масъалаи ҳабси пешакии гумонбар баррасӣ гардад.

Wirtualna Polska ҳамчунин менависад, ки Лаҳистон бо Тоҷикистон созишномаи дуҷонибаи истирдоди гумонбарон надорад ва Тоҷикистон узви Конвенсияи аврупоӣ оид ба истирдод нест. Аз ин рӯ, дар сурати судури ҳукм алайҳи ӯ, эҳтимоли бозгардонданаш ба Лаҳистон хеле кам аст ва он метавонад ба қарорҳои мақомоти Тоҷикистон ва асосҳои ҳуқуқии ҳамкории ду кишвар вобаста бошад.

Дар ҳамин ҳол баъзе аз ронандагони таксӣ, ки аксаран шаҳрвандони хориҷӣ ҳастанд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ назарҳои худро вобаста ба ин қазия баён намуда, гуфтаанд, ки ин ҳодиса метавонад тафтишоти зиёди мақомтро алайҳи муҳоҷирон, бахусус таксиронҳо бештар кунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Сафари аввалини Рубио ба Осиёи Марказӣ: Тоҷикистон аз ин сафар чӣ интизор дорад?

Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида Марко Рубио нимаи дуюми моҳи октябр сафари хориҷии худро ба Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон анҷом медиҳад.

Михаил Галустян узр пурсид, аммо узрхоҳии ӯ саволҳои навро ба миён овардааст

Ҳаҷвнигори арманитабор Михаил Галустян пас аз мавҷи интиқодҳо дар пайи сафараш ба Душанбе ба хотири нақшҳои қаблияш аз мардуми Тоҷикистон бахшиш пурсид.

Русия имтиҳони забонро барои қисме аз муҳоҷирон бекор кард

ВКД Русия дар пасманзари норасоии коргарон пешниҳод кардааст, ки қисме аз шаҳрвандони хориҷӣ аз супоридани имтиҳони забони русӣ, таърихи Русия ва қонунгузории ин кишвар озод карда шаванд.

Оё дар Тоҷикистон зимистони имсол лимити барқ ҷорӣ мешавад?

Мақомоти Тоҷикистон масъалаи коҳиш додани талафоти нерӯи барқро баррасӣ доранд, аммо бо наздик шудани зимистон, дар бораи ҷорӣ шудан ё нашудани лимити барқ чизе нагуфтаанд.