11.9 C
Dushanbe

Номаи як мухолифи ҳукумати Тоҷикистон ба СММ

Як мухолифи режими Эмомалӣ Раҳмон бо навиштани номае ба Созмони Милали Муттаҳид аз кишварҳои Туркия ва Тоҷикистон шикоят кардааст.

Убайдулло Саидӣ, фоъоли сиёсии тоҷик дар номаи худ ба Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон мегӯяд, ки ҳукуматҳои Туркия ва Тоҷикистон ҳуқуқҳои Суҳроби Зафар ва Насимҷон Шарифовро поймол кардаанд.

Дар ин нома гуфта мешавад, ки дуздидани Суҳроби Зафар, раҳбари “Гурӯҳи 24” ва Насимҷон Шарифов, узви баландпояи ин ҳаракат аз қаламрави Туркия ва истирдоди маҷбурии онҳо бидуни риояи расмиёти ҳуқуқӣ ба Тоҷикистон нақзи ошкорои ҳуқуқи байналмилалист ва зидди меъёрҳои адолати ҷаҳонӣ мебошад.

Ин фаъоли тоҷик дар номааш таъкид кардааст, ки Суҳроби Зафар ва Насимҷон Шарифов аз соли 2015 таҳти ҳимояи СММ қарор доштанд ва ҳукуматҳои Туркияву Тоҷикистон барои нодида гирифтани асноди расмӣ бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Инчунин дар нома гуфта мешавад, ки Тоҷикистон узви Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ (ICCPR) мебошад ва ин кишвар уҳдадор аст, ки ҳуқуқҳои шаҳрвандони худро ҳифз намояд ва ба таъқибҳои сиёсӣ роҳ надиҳад.

Ҳамчунин дар ин нома аз Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ хоста шуда, ки мақомоти Туркияро барои хотима додан ба истирдоди ғайриқонунии дигарандешон ва мақомоти Тоҷикистонро барои озод намудани Суҳроби Зафар ва Насимҷон Шарипоф уҳдадор созад. Дар сурати иҷро накардани ин уҳдадориҳо, ин созмон талаб кардааст, ки нисбати ҳарду кишвар чораҳои ҷиддӣ ва таҳримҳои шадид татбиқ карда шаванд.

Ёдовар мешавем, ки Суҳроб Зафар, раҳбари Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” 10-уми марти соли ҷорӣ ва Насимҷон Шарифов, узви баландпояи ин гурӯҳ 23-уми феврали соли ҷорӣ дар Туркия беному нишон гаштанд ва пас аз чанд моҳе аз Душанбе пайдо шуданд.

Юсуф Раҳмон қариб ним сол пас аз нопадидшавии ин ду мухолифи тоҷик, 9-уми августи соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки Суҳроби Зафар ва Насимҷон Шарифов дар яке аз боздошгоҳҳои Душанбе қарор доранд, аммо аз иттиҳоми зидди онҳо, тафсилоти чӣ гуна аз Туркия ба Тоҷикистон оварданашон ва вазъи онҳо чизе нагуфта буд.

Дертар рӯзи 10-уми октябри соли ҷорӣ дар як мурофиаи пӯшида дар Боздоштгоҳи рақами яки шаҳри Душанбе Суҳроби Зафар ба 30 ва Насимҷон Шарифов ба 20 соли зиндон маҳкум шуданд.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” бо нашри изҳороте ҳукмҳои тӯлонии раҳбаронашро маҳкум намуда, таъкид кард, ки мақомот наметавонад бо ин амалаш пеши роҳи муборизаро бигирад ва муқобили ин режими хунхор муборизаи худро давом хоҳанд дод.

Созмонҳои ҳуқуқӣ ва сиёсии Тоҷикистон, аз ҷумла Паймони миллии Тоҷикистон, Ҷунбиши ислоҳот ва рушд ва Кумитаи наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ низ ин ҳукмҳоро маҳкум намуда, озодии бе қайду шарти ин ду фаъоли сиёсиро талаб карданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳиро пурра иҷро кард

Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиш дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон пурра иҷро шудааст.

Эълони ҳукми ронандаи тоҷике, ки бо автобус ба об сарозер шуд

Додгоҳи ноҳияи Октябри шаҳри Санкт-Петербурги Русия 25-уми моҳи ҷорӣ ҳукми ронанди автобус Раҳматшоҳ Қурбоновро эълон кард.

Афзоиши дархости паноҳандагии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Латвия

Мақомоти Латвия мегӯянд, онҳое, ки аз аввали соли ҷорӣ то кунун аз ин кишвари аврупоӣ дархости паноҳандагӣ кардаанд, аксарашон шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд.

Ҳамла ба Туркия ва ҳамлаи Туркия ба Ироқу Сурия

Рӯзи 23-юми октябри соли ҷорӣ ба як корхонаи саноат ҳавонаврдии Туркия дар Анқара ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифт.