15.9 C
Dushanbe

Раҳмон: муҷозоту зиндонӣ кардан ба хотири “лайк” хотима дода шавад!

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 29-уми октябр зимни чорабиние дар шаҳри Душанбе эътироф кард, ки муҷозоти шаҳрвандон ба хотири “лайк” гузоштан зери муҳтавоҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ беасос аст.

Раҳмон ҳамзамон таъкид кард, ки беъзе намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои “лайк” гузоштани шаҳрвандон зери маводҳо дар интернет бар алайҳи онҳо парвандаи ҷиноӣ боз мекунанд ва бояд ба ин амал хотима дода шавад. 

То куҷо ин фармони раисҷумуҳур амалӣ хоҳад шуд маълум нест, чун чунин фармонҳое дар гузашта дар чандин ҳолат аз забони Эмомалӣ садо додааст, вале иҷро нашудаанд. Аз ҷумла, дар моҳи сенятбр Раҳмон аз навъи пешвозгирӣ ва ҷалби кӯдакон дар ин кор интиқод кард ва супориш дода буд, ки ба ин кор хотима дода шавад. Аммо дар сафарҳои баъдии ӯ ҳеч тағйире ба амал наомад ва ҳамоно Раҳмону мансабдоронашро бо ҳамон шакли кӯҳна, бо ҷалби кӯдакон пешвоз мегиранд. 

Ҳамчунин чанд сол пеш дар мулоқоте ӯ гуфта буд, ки таърифу тавсифи худашро аз ҷониби мансабдорону шаҳрвандон зимни вохӯриҳо дӯст надорад ва аз чунин амалҳо эҳсоси нороҳтӣ мекунад. Чизе, ки тағйир накард ва баракси ҳоло бештару маъмулитар гашт. 

Раҳмон дар ҳоле муҷозот барои “лайк”-ро интиқод мекунад, ки садҳо ҷавон дар Тоҷкистон ба хотири “лайк” гузоштан зери матолиби интиқодӣ аз ҳукумат аз 5 то 10 сол ва ҳатто бештар аз он зиндонӣ шудаанд. Ҳоло маълум нест, ки пас аз гуфтаҳои Раисҷумуҳур нафарони зиндонишуда ба хотири “лайк”-у бознашр бегуноҳ дониста мешаванд ё хайр? 

Тоҷикситон борҳо аз сӯи созмонҳои ҷаҳонии ҳомии ҳуқуқ барои муҷозот намудани шаҳрвандон ба хотири “писандидану ба дигарон фиристодани наворҳо дар интернет” танқид шудааст.

Бояд гуфт, ки дар моҳи майи соли 2018 Алиҷон Шарипов ба далели тамошо, лайк мондан ва ба иштирок гузоштани наворҳои мухолифон, ба 9,5 сол зиндон маҳкум шуд. дар моҳи июли соли 2019 як шаҳрванди дигар ба номи Иброҳим Қосимов аз ноҳияи Панҷакент ба ҳамин далел ба 9.5 сол зиндон маҳкум шуд.

Ҳамзамон дар соли 2021 як манбаъ аз вилояти Хатлон, ки нахост номаш зикр шавад дар суҳбат бо “Аздо тв” гуфт, ки дар вақти дар Русия буданаш боре ба амри маъруфи Эшони Нуриддин ва Ҳоҷӣ Мирзо дар шабакаи иҷтимоии “Одноклассник” “класс” мондааст. Мақомот ӯро даъват карда, таҳдидаш кардаанд, ки агар 50 ҳазор сомонӣ наорад 5 сол зиндонӣ мешавад. Вале ӯ мегӯяд, бо миёнаравҳо тавонист бо 10 ҳазор сомонӣ худро халос карда, ба Русия баргардад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Марги як наваскар дар роҳ ба сӯи Душанбе

Рӯзи 2-юми апрел дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бар асари канда шудани сангпора аз кӯҳ ва бархӯрди он ба автобусе, ки наваскаронро интиқол медод, як ҷавон ҷон бохтааст.

ВКД Қирғизистон: зарари расондаи Тошиев ба иқтисоди Қирғизистон беш аз 4,1 млрд аст

Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон ҳаҷми зараре, ки вакили собиқи парлумон Шаирбек Ташиев ба иқтисоди ин кишвар расондааст, эълон кард.

Сармуҳосиби беморхона ба иттиҳоми дуздии беш аз як млн сомонӣ боздошт шуд

Сармуҳосиби Беморхонаи марказии ноҳияи Варзоб Сиддиқов Б.Б. бо иттиҳоми тасарруфи маблағи зиёди буҷети давлатӣ боздошт шудааст.

Низоми нави назорати вазни мошинҳои боркаш дар даромадгоҳҳои Душанбе

Дар роҳҳои воридшавӣ ба шаҳри Душанбе аз самтҳои Турсунзода ва Бохтар нуқтаҳои махсус барои санҷиши вазни мошинҳои боркаш бунёд карда мешаванд.