Ҳабси як зодаи Тоҷикистон бо гуноҳи хиёнат дар Русия

Додгоҳи шаҳри Маскав зодаи Тоҷикистон Фирӯз Дадобоевро ба иттиҳоми хиёнат ба давлат маҳкум ба зиндон кард.

Мурофиа рӯзи 29-уми октябри соли ҷорӣ баргузор шуда, додрас Дадобоевро ба 13,5 соли зиндони низомаш сахт маҳкум карда ва инчунин 300 ҳазор рубли дигар ҷарима бастааст.

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, Дадобоев моҳи декабри соли 2022 боздошт ва то ин вақт дар СИЗО-и Лефортово нигаҳдорӣ мешуд.

Ӯ дорои шаҳрвандии Тоҷикистон ва Русия буда, дар яке аз ширкатҳои тиҷоратии шаҳри Маскав ба ҳайси мутахассиси IT кор мекардааст.

Хадамоти амнияти федеролии Русия (ФСБ) иддао дорад, ки Дадобоев ба маълумоти дорои сирри давлатӣ ғайриқонунӣ даст ёфта, қасд доштааст онро ба намояндаи Хадамоти иктишофии Амрико (CIA) супорад.

Гуфта мешавад, дар рафти тафтишот Дадобоев ба гуноҳаш иқрор шуда, изҳори пушаймонӣ кардааст, аммо маълум нест ӯ таҳти чӣ шароите гуноҳро ба дӯш гирифтааст. Назари наздикон ё вакили мудофеаш низ дастраси расонаҳо нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои шабакаи иҷтимоии LinkedIn, як нафар бо ҳамин ном дар ширкати паҳнкунандаи маҳсулоти спиртӣ “Elida GROUP LLC” вазифаи сардори шуъбаи IT-ро ишғол мекард. Суол инҷост, ки Дадобоев чӣ гуна дар ин ширкат ба маълумоти дорои сирри давлатӣ даст ёфтааст?

Ин бори аввал нест, ки зодагони Тоҷикистонро дар Русия бо иттиҳоми хиёнат ба давлат барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон мекунанд. Дар охирҳои соли 2023, Додгоҳи шаҳри Маскав Зоҳидов Аҳадҷон Маҳмадҷоновичи 36-соларо, ки дар пойтахти Русия ҳамчун ронандаи таксӣ ва устои “сантехник” кор мекард, бо иттиҳоми хиёнат ба давлат ва қочоқи силоҳ маҳкум ба 13 соли зиндони низомаш сангин карда буд.

Инчунин дар моҳи октябри соли 2023 мақомоти Русия як муҳоҷири 32-солаи тоҷикро бо номи Шарифҷон Тиллозода дар шаҳри Маскав бо иттиҳоми ҷосусӣ барои Украина дастгир карда буданд.

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, Шарифҷон Тиллозода, зодаи шаҳри Панҷакенти Тоҷикистон дар ҳудуди як қисми низомии баста боздошт шуда буд. Кормандони ин қисми низомӣ дар аввал гумон карданд, ки ӯ мардикор асту роҳашро гум кардааст, вале маълум шудааст, ки гӯё “ӯ акс гирифта, ба кураторҳои худ ба хориҷ мефиристодааст”.

10-уми октябри соли 2023 додгоҳи ноҳияи Лефортово дар мурофиае, ки пушти дарҳои баста ӯро бар асоси моддаи 275 Кодекси ҷиноятии Русия ба ҷосусӣ айбдор намуда, ба муддати ду моҳ, яъне то 10 декабри соли ҷорӣ ба ҳабси пешакӣ гирифта буд, аммо то ҳол аз сарнавишти баъдии ӯ хабаре нашр нашудааст.

Гуфта мешавад, пас аз ҷанги Русия ва Украина шумори нафароне, ки бо иттиҳоми хиёнат ба давлат ва ҷосусӣ дар Русия боздошт мешаванд бештар шудааст.

Танҳо дар нимсолаи аввали соли 2024 52 нафар бо иттиҳоми хиёнат ба давлат дар Русия зиндонӣ шудаанд, ки ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 3,5 маротиба бештар аст. Инчунин дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 18 нафар бо иттиҳоми ҷосусӣ маҳкум ба зиндон шудаанд, ки дар ҳамин давраи соли гузашта ҳамагӣ 2 нафар бо ин иттиҳом дастгир шуда буданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Парлумони кишвар қонуни авфро қабул ва Эмомалӣ имзо кард

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 16-уми июн дар ҷаласаи навбатияш қонун "Дар бораи авф"-ро баррасӣ карданд.

Радиои Озодӣ дигар дар Тоҷикистон фаъолият намекунад?

Радиои Озодӣ дари идораи марказии худ дар шаҳри Душанберо мебандад ва дигар дар дохили Тоҷикистон фаъолияти журналистӣ карда наметавонад.

Дар пайи эътирозҳо барои ҳуқуқи занон дар Ҳирот навраси 16-сола ҷон бохт

Муртазо, яке аз иштирокчиёни 16-солаи эътирозҳои ахир дар Ҳирот, ки зимни пароканда кардани тазоҳуркунандагон аз ҷониби Толибон захмӣ шуда буд, рӯзи сешанбе дар бемористон даргузашт.

Путин муҳлати ташхиси ҳатмии муҳоҷиронро дар Русия то 30 рӯз коҳиш дод

Президенти Русия Владимир Путин қонунеро имзо кард, ки тартиби гузаштани ташхиси ҳатмии тиббии шаҳрвандони хориҷиро сахттар мекунад.