Дар Тоҷикистон “WhatsApp” ва “Telegram” маҳдуд мешаванд?

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аз фаъолияти як паёмрасони нави миллӣ бо номи “ОРИЗ” хабар дод.

Ба иддаои Хадамоти алоқа, ин паёмрасон аз ҷониби “Тоҷиктелеком” бо ҳадафи таъмини иртиботи осон, босифат ва бехатар миёни шаҳрвандони кишвар ва тоҷикони бурунмарзӣ таҳия гардида, ҳадафи он фароҳам овардани муҳити рақамии комилан ватанӣ ва боэътимод барои ҳифзи манфиатҳои иттилоотӣ ва истиқлоли рақамии кишвар мебошад.

Дар иттилоияи Хадамот гуфта мешавад, ки “ОРИЗ” дар тамоми кишварҳои олам ва барои телефонҳои Android (дар Google Play), iOS (дар App Store) ва барои компютерҳои Windows ва Mac, инчунин тавассути веб-версия дастрас аст.

Барои сабти ном дар ин паёмрасон танҳо рақами телефон лозим буда, дар он паёмҳои матнӣ ва овозӣ, зангҳои аудио ва видео, эҷоди каналҳо ва гурӯҳҳо, инчунин ирсоли файлҳо ва гузаронидани видеоконфронсҳо тавассути пайванд барои корбарон дастрас будааст.

Хадамоти алоқа дар шарҳи фаъол шудани он навиштааст, ки чанд соли охир дастрасӣ ба платформаҳои хориҷӣ маҳдуд гардидааст ва дар Русия дар ҳоле, ки “Телеграм” ва “Вотсап” маҳдуд шуданд, ҳазорҳо муҳоҷир барои иртибот бо аҳли оилаи худ дар Тоҷикистон ба мушкил рӯ ба рӯ шуданд.

Хадамот иброз дошта, ки ин бартарӣ пеш аз ҳама барои минтақаҳои дурдасти кишвар ва муҳоҷирони тоҷик хеле муҳим аст, зеро аксари барномаҳои хориҷӣ танҳо дар шароити интернети баландсуръат хуб кор мекунанд ва ORIZ дар шароити суръати пасти интернет ҳам метавонад кор кунад.

“Ин таҷриба нишон дод, ки вобастагӣ аз шабакаҳои хориҷӣ метавонад ба амнияти иттилоотӣ ва иртиботи иҷтимоӣ зарар расонад, зеро серверҳо, маълумот ва сиёсати истифодаи чунин барномаҳо дар ихтиёри кишварҳои дигар қарор доранд ва ҳеҷ кафолати устуворӣ ва дастрасии доимӣ вуҷуд надорад. Аз ин лиҳоз, таъсиси ORIZ, метавонад як қадами ҷиддӣ ба сӯйи истиқлоли рақамии Тоҷикистон бошад. Он имкон медиҳад, ки додаҳои корбарон дар дохили кишвар ҳифз шаванд” – иддао кардааст Хадамоти алоқаи кишвар.

Ба гуфтаи коршиносони соҳа, паёмрасони “Ориз” тақрибан аз паёмрасони “Max”-и Русия, ки пурра маълумоти корбаронро ҷамъоварӣ мекунад, рубардорӣ шудааст.

Дар сомонаи Oriz дар сиёсати ҳифзи маълумоти шахсӣ ҳам равшан зикр шудааст, ки ҳамаи паёмҳои фиристодашуда ва қабулшуда, инчунин ном, суроғаи почтаи электронӣ, акси профил, маълумот дар бораи дастгоҳ ва таҷрибаи истифодаи мессенҷер, аз ҷумла функсияҳои истифодашуда ва вақти сарфшудаи корбар ҷамъоварӣ мегардад. Ва ин маълумотҳо барои пешниҳоди хидматрасониҳо ва беҳтар кардани сифати онҳо истифода гашта, инчунин он метавонад ба провайдерҳои ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод карда шавад.

Ҳамчунин коршиносон таъкид мекунанд, ки ин барномаи паёмрасон дар Тоҷикистон маҳз бо ҳадафи дастрасии бештар пайдо кардани мақомоти амниятӣ ба паёмҳои корбарон роҳандозӣ шудааст ва эҳтимолан мисли Русия дар Тоҷикистон низ “Телеграм” ва “Вотсап” маҳдуд шавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Амрико вориди рақобат бо Чин дар ОМ мешавад. Баранда кист?

Амрико барои манофеаш вориди бозии нав дар ОМ шуданист. Оё кишварҳои минтақа метавонанд аз ин фурсати таърихӣ ба нафъи худ истифода кунанд ва худро аз султаи Русия раҳо кунанду зери султаи дигаре нараванд?

Ҷосусӣ тавассути реклама: дастгоҳҳои “Ал-Ҷазира” ҳадаф қарор гирифтанд

Пажӯҳишгоҳи Citizen Lab ошкор кардааст, ки рекламаҳои интернетӣ барои олуда кардани дастгоҳҳои кормандони “Ал-Ҷазира” ба ҷосусафзор истифода шудаанд.

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.