18.9 C
Dushanbe

Писари муфтии Тоҷикистон мухолифи сиёсати Эмомалӣ Раҳмон?

Абдухолиқ Абдуқодир, писари раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар хутбаи ахири худ мардони Тоҷикистонро ба масъулиятпазирӣ даъват кард.

Марказии исломии Тоҷикистон бо нашри навори суханронии Абдухолиқ Абдуқодирзода, писари Саидмукаррам Абдуқодирзода, муфтии Тоҷикистон гуфта, ки вай аз муҳоҷирон пуштибонӣ кардааст.

Ин суханронӣ, ки 8-уми ноябри соли 2024 дар масҷиди ҷомеъ ба номи Ҳоҷи Яъқуб (муфтиёти собиқ), дар маркази пойтахт сурат гирифтааст, бар хилофи сиёсати ҳиҷобситезии ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, писари муфтии Тоҷикистон ҳама мардони кишварро ба масъулиятпазирӣ дар робита ба бо ҳаё шудани ҳама занону духтарони кишвар кардааст.

Писари раиси Маркази исломии Тоҷикистон дар бораи муҳоҷирон ва ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии мухолифи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ва фоъолияти онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ аз матни аз қабл омодашуда суҳбат карда, онҳоро ба сӯиистифода аз номи ислом низ муттаҳам кардааст.

Аммо, асли вокуниш ва мавзеъгирии ӯ дар бораи масъулиятпазирии мардон дар баробари зердастонашон ба хусус занону духтарон берун аз “протоколи расмӣ” ва ё ҳамон хутбаи аз ҷониби мақомот омодашуда, садо додааст.

Вай дар истинод ба як ҳадиси Паёмари Ислом, гуфтааст: “Ҳар яке аз шумо масъул ҳастед ва ҳар кадоме аз шумо дар бораи зердастонатон пурсида мешавед”, таъкид кардааст, ки ” аз хоҳаронатон, бародаронатон, аз ҳамсаронатон, аз фарзандонатон, аз таълими онҳо, аз ҳаёи онҳо, аз имони онҳо, аз адабу ахлоқи онҳо, аз шумо пурсида мешавад.”

Ин навъ мавзеъгирии писари муфтии Тоҷикистон амалан зидди сиёсатҳои исломситезонаи Ҳукумати Тоҷикистон бо раҳбарии Эмомалӣ Раҳмони 72-сола аст, ки тайи 14 соли ахир марҳила ба марҳила ҳама роҳҳои қонунӣ барои ҷалби наврасону ҷавонон ба таълимоти диниро дар дохили кишварро баст.

Президенти Тоҷикистон бо содир кардани бархе амру фармонҳои зиддикониститусионии худ, нахуст рафтани наврасону ҷавонони то 18-сола ба масҷидро басту сипас фаъолияти ҳама мадрасаҳои диниро, ки солҳо боз дар хидмати мардум буданд, қатъ кард ва таълими Қуръонро ҳам бидуни иҷозаи мақомот ҷурм эълон кард.

Гуфта мешавад, Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар давоми раҳбарии Саидмукаррам Абдулқодирзода ба сурати расмӣ ҳеч гоҳ бар зидди сиёсатҳои исломситезонаи ҳукумат тариқи расонаҳо садо баланд накардааст.

Аммо ин мавзеъгирии Абдухолиқ Абдуқодирзода, ки Маркази исломӣ онро дар саҳфаи худ нашр кардааст, дар амал як навъ вокуниши расмӣ бар зидди идомаи ҷорӣ шудани маҳдудиятҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон дониста мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тасвиби созишномае, ки кори муҳоҷирони тоҷикро осон мекунад

Муҳоҷирони тоҷик метавонанд дар дохили Тоҷикистон аз муоинаи тиббӣ гузаранд ва санадҳои зарурии тиббиро пеш аз сафар ба Русия дарёфт кунанд.

Пизишкиён: Баъзе давлатҳо аллакай барои миёнҷигарӣ иқдом карданд

Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон мегӯяд, ки бархе кишварҳо барои оғози гуфтугӯҳо дар мавриди оташбас иқдом кардаанд.

Дар Исроил коргари тоҷик пас аз паҳн шудани навораш боздошт шуд

Пулиси Исроил як тоҷики зодаи Узбекистонро, ки дар ин кишвар ҳамчун муҳоҷири корӣ фаъолият мекард, пас аз паҳн шудани як навораш дар шабакаҳои иҷтимоӣ боздошт кардааст.

Баррасии дурнамои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Туркманистон

Ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон дар бораи таҳкими равобити тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмию технологӣ дар Душанӣе баргузор шуд.