14.9 C
Dushanbe

Даргузашти Мавлавӣ Аблулҳай дар Душанбе

Мавлавӣ Абдулҳайи Искандар, донишманди тоҷик ва узви аршади ҲНИТ дар 84-солагӣ даргузашт.

Рӯзи ҷумъа, 15-уми ноябри соли ҷорӣ, даргузашти ӯро узви Раёсати олии ҲНИТ Абдусаттор Бобоев ба Azda.tv тасдиқ кард. Ҳамзамон ҲНИТ дар саҳфаи фейсбукияш бо нашри изҳороте даргузашти ӯро таслият гуфта, марги Мавлавиро як зоеъаи бузург барои мардуми Тоҷикистон ва “ба хусус барио қишри фарҳангии кишвар” донистааст.

Гуфта мешавад, Мавлавӣ Абдулҳайи Искандар соли 1940 дар деҳаи Лангари Шоҳи н.Тоҷикобод ба дунё омада, таълимоти диниро дар назди уламои машҳури он давр Домулло Валӣ дар н.Октябр (Бохтар), Мулло Абдураҳими сарфӣ, Домулло Додарҷон дар Қӯрғонтеппа ва аз солҳои 1964 дар назди Мавлавӣ Муҳаммадҷони Хӯқандӣ (Мавлавӣ Ҳиндустонӣ) дарс омӯхтааст.

Ӯ соли 1992 ба Афғонистон муҳоҷир шуда, ба ҲНИТ мепайвандад ва масъулияти шуъбаи таълиму тарбияи Наҳзатро бар уҳда доштааст. Пас аз ҳиҷрат солҳои 1999-2011 узви Раёсати олӣ ва солҳои 2001-2007 вазифаи раисии маҷмаи уламои ин ҳизбро ба зимма дошт.

Марҳум донандаи фиқҳ, ҳадис, тафсир, сарфу наҳв ва ба гуфтаи наздиконаш, донандаи хуби адабиёти форсу тоҷик ва бахусус бедилшиносӣ буда, шогирдони зиёдеро тарбият кардааст

Мавлавӣ пас аз баста шудани ҲНИТ дар соли 2015 дар Душанбе монд ва то охири умр ва ҳатто дар душвортарин ҳолатҳо низ даст аз тарбият ва даъвати мардум барнадоштааст.

ҲНИТ дар матни тасаллияти худ гуфтааст, ки “ҳар лаҳза ба ёди рафиқони зиндонияш ашк мерехт ва барои озодиашон дуо мекард”.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Dushanbe Expo 2025: Душанбе мизбони намоишгоҳи байналмилалии саёҳӣ шуд

Имрӯз, 18 сентябри соли 2025, дар маҷмааи «Dushanbe Expo» Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2025 оғоз гардид.

Афзоиши рейди муҳоҷирон дар Русия

ОМОН-и Русия дар яке аз хобгоҳҳои наздикии метрои Строгинои Маскав беш аз 500 муҳоҷир, аз ҷумла зодагони Тоҷикистонро тафтиш кардаанд.

Ҷузъиёти куштори ваҳшиёнаи як хонавода дар ноҳияи Рӯдакӣ

Дар деҳаи Дарёободи ноҳияи Рӯдакӣ шаби 5 ба 6-уми сентябр як куштори ваҳшиёнае рух дод, ки Тоҷикистонро такон дод.

75 тонна кумаки башардӯстонаи Амрико ба Тоҷикистон

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Тоҷикистон зиёда аз 75 тонна кумаки озуқаворӣ ба маблағи беш аз 255 ҳазор доллар фиристод.