Толибон: Бо Тоҷикитсон равобитамон хуб шудааст

Мақомоти Толибон мегӯянд, ахиран байни дипломатҳои Тоҷикистону Иморати исломӣ рафту омадҳо ва гуфтушунидҳое сурат гирифтааст.

Бино ба иттилои расонаҳои афғонистонӣ, Ҳамидуллоҳ Фитрат, муовини сухангӯи Толибон аз эҷоди равобити дипломатӣ байни ду кишвари ҳамсоя хабар дода ва таъкид кардааст, ки Иморати исломӣ хостори эҷоди равобити нек бо Тоҷикистон аст.

Муовини сухангӯи Толибон гуфтааст, бо тавваҷуҳ ба рафту омадҳои ахир, умедворӣ барои эҷоди пешрафт дар равобит бо Душанбе вуҷуд дорад.

Ҳамидуллоҳ Фитрат мегӯяд: “Иморати исломӣ бо ҳамаи кишварҳо ба шумули Тоҷикистон равобит хуб мехоҳад. Аз ин ки Тоҷикистон кишвари ҳамсоя ва мусулмон аст, мехоҳем равобит хуб дошта бошем. Ҳайати ду тараф дар ин авохир рафту омад доштаанд ва умед дорем пешрафтҳое дар ин замина дар оянда сурат гирад”.

Дар ҳамин ҳол Мавлавӣ Абдулкабир, муовини сиёсии Сарвазири Толибон дар нишасти Комиссияи сиёсии Иморати исломӣ “масъалаи таҳким ва густариши муносибатҳо бо кишварҳои ҳамсоя”, бахусус Тоҷикистонро таъкид кардааст.

Ёдовар мешавем, ки пас аз сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон аз соли 2021 Тоҷикистон дар баробари онҳо нисбат ба дигар кишварҳои ҳамсоя мавзеъгириҳои тундтаре дошт. Аз ҷумла, Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар нишастҳои муҳими ҷаҳонӣ аз Толибон интиқод карда буд. Аммо дар ин авохир хабарҳои ғайрирасмӣ аз таҳкими равобити дипломатӣ ва иқтисодӣ байни Толибон ва ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон мегӯянд. Вале то ҳол мақомоти тоҷик инро расман тасдиқ накардаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Wildberries, қарзи бонк ва тоҷики ҳалолкор

Зарбаҳои Укроин ба амборҳои бузургтарин бозоргоҳи (маркетплейс) Русия идома...

Дороиҳои миллиардии як зодаи Тоҷикистон

Фарзандони вакили Думаи давлатии Русия аз ҳизби ҳокими “Единая Россия” ва зодаи Тоҷикистон Раҳим Азимов соҳиби амволи гаронарзише мебошанд, ки арзиши умумии онҳо тақрибан ба 2 миллиард рубл мерасад. 

Бедарак шудани се духтари афғон дар Варшава

Дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон (Полша) се хоҳар, ки узви як хонавода ва зодаи Афғонистон ҳастанд, як ҳафта боз нопадид шудаанд. 

Муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия 18% коҳиш ёфта аст

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои кор ба Русия сафар кардаанд, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 дарсад кам шудааст.