Хабар МУҲОҶИРАТ ҶАҲОН

Шаҳрванди Тоҷикистон дар Миср боздошт ва ба Амрико истирдод шуд

Марди 36-солае, ки мақомоти Амрико ӯро шаҳрванди Тоҷикистону Қазоқистон муаррифӣ кардаанд, бо иттиҳоми ташкили вуруди ғайриқонунии муҳоҷирон аз Миср ба Амрико истирдод шудааст.

Шаҳрванди Тоҷикистон дар Миср боздошт ва ба Амрико истирдод шуд Акс бо ҳушни маснуӣ сохта шудааст.

Як марди 36-солае, ки мақомоти Амрико ӯро шаҳрванди Тоҷикистону Қазоқистон муаррифӣ кардаанд, бо иттиҳоми ташкили вуруди ғайриқонунии муҳоҷирон аз Миср ба Амрико истирдод шудааст.

Вазорати адлияи Амрико рӯзи 10-уми ноябр бо нашри баёнияе аз ин нафар Абдулҳафиз Баҳоваддинӣ (эҳтимол Баҳовуддини Абдулҳафиз аст) ном бурда, мегӯд ӯ бори аввал дар додгоҳи шаҳри Финикси иёлати Аризона ҳозир шуд.

Баҳоваддинӣ дар аввали соли ҷорӣ тавассути пулиси Интерпол дар Миср боздошт шудааст. Дар боздошт ва истирдоди ӯ мақомоти Миср, Интерпол ва идораи ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати адлияи Амрико иштирок кардаанд. Санаи дақиқи боздошт ва супурдани ӯ ба Амрико дар баёния зикр нашудааст.

Ба иддаои додситонӣ, Баҳоваддинӣ тақрибан аз моҳи январи соли 2022 то феврали соли 2025 узви шабакае будааст, ки шаҳрвандони Русия, Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказиро аз тариқи марзи Мексика ғайриқонунӣ ба Амрико мебурдааст.

Дар баёния бо истинод ба санадҳои додгоҳӣ омадааст, ки ӯ ва ҳамроҳонаш барои муҳоҷирон парвоз аз кишвари зисташон ба Мексика ё яке аз кишварҳои Амрикои Ҷанубиро ташкил мекарданд. Дар баъзе мавридҳо шабака барои онҳо меҳмонхона низ пайдо карда, ашёи шахсиашонро пеш аз убури марз ба Амрико мефиристодааст.

Ба иддаои тафтишот, Баҳоваддинӣ ва шариконаш муҳоҷиронро дар роҳ ҳамроҳӣ ё роҳнамоӣ карда, ба шаҳри Мехикалии Мексика мерасондаанд. Дар он ҷо узви дигари шабака онҳоро пешвоз гирифта, бо мошин то марзи Амрико бурда, роҳро нишон медодаанд, ки аз куҷо ва чӣ гуна ба Аризона ғайриқонунӣ ворид шаванд.

Айбнома алайҳи Баҳоваддинӣ ҳанӯз моҳи декабри соли 2025 аз ҷониби ҳайати бузурги мунсифаи федералӣ дар Аризона содир шуда, рӯзи 10-уми ноябри соли ҷорӣ ошкор шудааст. Ӯ бо як иттиҳоми ҳамдастӣ дар ташкили вуруди ғайриқонунии хориҷиён ва нуҳ иттиҳоми ворид кардани хориҷиён ба хотири фоидаи молӣ рӯбарӯст.

Дар баёния шумори умумии муҳоҷирони интиқолёфта, теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон дар миёни онҳо ва маблағе, ки шабака аз ҳар нафар мегирифтааст, оварда нашудааст.

А. Тайсен Дува, ёвари додситони кулли Амрико, фаъолияти эҳтимолии ин шабакаро таҳдид ба амнияти кишвар хондааст. Ҷейсон Стивенс, масъули Идораи таҳқиқоти амнияти дохилӣ дар Аризона, низ гуфтааст, мақомоти амрикоӣ афродеро, ки аз интиқоли ғайриқонунии муҳоҷирон даромад мегиранд, берун аз қаламрави кишвар ҳам пайгирӣ мекунанд.

Таҳқиқи парвандаро бахши Идораи таҳқиқоти амнияти дохилӣ дар шаҳри Юма ва нерӯҳои марзбонии Амрико пеш мебаранд. Парванда ҳамчунин дар доираи фаъолияти гурӯҳи муштараки “Алфа” — сохтори мубориза бо шабакаҳои интиқоли ғайриқонунии муҳоҷирон ва одамфурӯшӣ — дастгирӣ шудааст.

Мавқеи Баҳоваддинӣ ё вакили мудофеаш дар баёния оварда нашудааст. Ҳамчунин маълум нест, ки ӯ иттиҳомҳоро пазируфта ва ё рад кардааст.

Мавзӯъҳои марбут