Хабар МУҲОҶИРАТ

Ҷинояти муҳоҷирон камтар, аммо ихроҷи онҳо ду баробар зиёд шудааст

Вазорати корҳои дохилии Русия мегӯяд, сатҳи ҷинояткорӣ дар байни шаҳрвандони хориҷӣ 40% коҳиш ёфта, вале ихроҷашон ду баробар афзоиш ёфтааст.

Ҷинояти муҳоҷирон камтар, аммо ихроҷи онҳо ду баробар зиёд шудааст Акс: AI

Вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев изҳор доштааст, ки дар нуҳ моҳи соли 2026 шаҳрвандони хориҷӣ дар кишвар тақрибан 20 ҳазор ҷиноят содир кардаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 40 дарсад пасттар аст. Аммо дар ҳамин муддат шумори ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ аз Русия ду баробар зиёд шудааст.

Ӯ ин рақамҳоро рӯзи 10-уми ноябр дар гузориши худ дар мавриди вазъи муҳоҷират дар Русия баён кард.

Ба гуфтаи Колоколтсев, дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ тақрибан 7 миллион шаҳрванди хориҷӣ вориди Русия шудаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10 дарсад камтар буда, то 1-уми октябр, тақрибан 6 миллион шаҳрванди хориҷӣ дар ин кишвар иқомат ва кор доштаанд.

Ин вазири рус коҳиши шумори шаҳрвандони хориҷиро натиҷаи пурзӯр шудани назорати муҳоҷиратӣ номида, илова кардааст, ки дар айни ҳол беш аз 820 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ дар “рӯйхати сиёҳ”-и мақомоти Русия қарор доранд, ки 120 нафари онҳо ноболиғанд. 

Ӯ ҳамчунин зикр карда, ки дар ҳамин давра, Русия шумори иҷозатномаҳои иқоматро низ коҳиш додааст ва ҳоло тақрибан 670 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ иҷозаи иқомати доимӣ ё муваққатӣ доштааанд. 

Тибқи суханони Колоколтсев, бекор кардани иҷозаи иқомати доимӣ нисбат ба соли гузашта 5 дарсад афзоиш ёфта, дар ҳоле ки иҷозаи иқомати муваққатӣ 18 дарсад зиёд шудааст. Ӯ ин тамоюлро ба кашф шудани ҳолатҳои издивоҷи сохтаи шаҳрвандони хориҷӣ марбут донистааст.

Ҳамчунин вазир хабар додааст, ки дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 120 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ аз Русия ихроҷ шудаанд, ки ин ду баробар зиёдтар аз ҳамин давраи соли гузашта мебошад. Аммо Колоколтсев нагуфтааст, ки дар миёни ихроҷшудаҳо чанд нафарашон зодаи Тоҷикистон мебошанд. 

Ба ғайр аз ин, тақрибан 290 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ аз вуруд ба Русия ба муҳлати аз се то даҳ сол маҳрум шудаанд, ки ин рақам низ нисбат ба соли 2025 тақрибан ду баробар зиёд аст.

Ихроҷу манъи вуруди муҳоҷирон дар ҳоле ду баробарӣ зиёд шудааст, ки мақомоти Русия сиёсати муҳоҷиратиро ба таври назаррас сахттар кардааст. 

Бояд гуфт, Русия то ҳол барои шаҳрвандони Тоҷикистон яке аз маконҳои асосии корӣ дониста мешавад. Вале бо сахттар шудани қоидаҳои муҳоҷиратӣ, солҳои охир Тоҷикистон кӯшиш мекунад, ки роҳҳои нави муҳоҷирати кориро пайдо кунад ва шаҳрвандони кишвар бештар ба Қазоқистон, Беларус, Имороти Муттаҳидаи Араб, Қатар, Кувайт, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Британияи Кабир ва дигар кишварҳои аврупоӣ барои кор мераванд.

Мавзӯъҳои марбут