2.9 C
Dushanbe

Доналд Трамп ҳамчун 47-умин раисҷумҳури Амрико савганд ёд кард

Рӯзи 20-уми январ Доналд Трамп раисҷумҳури тозаинтихоби Амрико барои оғози кораш савганд ёд кард.

Доналд Трампи 78-сола аз рӯи тартиб 47-умин раисҷумҳури Амрико шуд. Ӯ пас аз 4 соли таваққуф бори дуюм аст, ки соҳиби курсии расҷумҳурии Амрико мешавад. Трамп бори аввал соли 2017 раисҷумҳури кишвараш интихоб шуда буд. Аммо дар интихоботи соли 2021 дар баробари Ҷо Байден курсии президентиро бохт.

Доналд Трамп, ки Ҳизби ҷумҳурихоҳро намояндагӣ мекунад, дар ин интихоботи ахир Камола Ҳаррис, намояндаи Ҳизби демократро шикаст дод. Ҷо Байден ба сабабҳои нотавонии ҷисмӣ аз ворид шудан ба сабқати интихобот канорагирӣ кард ва баҷои ӯ муовинаш Камола Ҳаррис бо Доналд Трамп вориди рақобат шуд.

Маросими савгандёдкунии Доналд Трамп бо ҳузури шахсиятҳои машҳур, раисҷумҳурони собиқи ин кишвар, тоҷирон ва сиёсатмадорон дар бинои Конгресс баргузор шуд.

Трамп зимни суханрони худ дар робита ба “сулҳу ваҳдати ҷаҳонӣ” гуфт, ки таҳлилгарон ин ишораи ӯро ба ҷанги Русия ва Украина марбут медиҳанд. Ӯ пештар ҳам ваъда дода буд, ки ба ҷанги Украина ва Русия хотима хоҳад дод.

Ӯ низ ишораи кӯтоҳе ба таҳавулоти Ховари Миёна, аз ҷумла сулҳ дар Ғазза ва табодули асирон байни Исроил ва ҲАМОС кард.

Трамп инчунин зимни суханронияш такид кард, ки номи Халиҷи Мексикаро тағйир дода Халиҷи Амрико ном хоҳад гузошт.

Дар идомаи суханрониҳояш Трамп канали Панамаро “туҳфаи аблаҳона” ба Панама номид ва ваъда дод, ки дар ин замина иқдом хоҳад кард. Трамп ҳушдор дод, ки “мо онро бозпас мегирем”.

Раисҷумҳури Амрико дар масъалаи боло бурдани молиёт ба маҳсулотҳои хориҷӣ ҳушдор дода гуфт: “Мо ба кишварҳои хориҷӣ андозҳо ҷорӣ мекунем, то шаҳрвандони худро сарвадман гардонем.”

Бахши дигари суханрониҳои Трамп ба масъалаи муҳоҷирати ғариқонунӣ бахшида шуда буд. Ӯ гуфт, ки қасд дорад чандин фармонҳои зарурӣ, аз ҷумла дар мавриди мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ имзо мекунад.

“Ҳамагуна вуруди ғайриқонунӣ қатъ карда мешавад, раванди баргардонидани миллионҳо муҳоҷири ғайриқонуниро ба ҷое, ки онҳо омадаан, оғоз мекунем.” – гуфт Доналд Трамп.

Раисиҷумҳури ҷадиди Амрико ҳамчунин аз Эрон ёдовар шуд ва гуфт, пас аз инфиҷори пейҷерҳои нерӯҳои “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон ва кушта шудани раҳбарони ин гурӯҳ дар ҳамалоти Исроил ва ҳадафи ҳамла қарор гирифтани сохтори дифои ҳавоии ин кишвар дар ҳамлаҳои Исроил, Эрон хеле заиф шудааст.

Дар ҳамин ҳол Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Трамп ва яке аз сенатороне, ки нисбат ба сиёсатҳои Эрон “бадбин” гуфта мешавад, мегӯяд, бо ҷорӣ кардани сиёсати “фишори ҳадди аксар” қасд дорад Эронро дар бораи барномаи ҳастаӣ ва дахолати он ба минтака ба мизи музокирот бикашонад.

Доналд Трамп пас аз ширкат ва суханронӣ дар маросими савгандёдкунӣ шоми душанбе вориди Кохи Сафед шуд ва дар он ҷо фармонҳои зиёдеро имзо кард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Русия

Мақомоти олии Тоҷикистон ва Русия дар нишасти навбатии машваратҳои сиёсии худ дар бораи "масоили муқовимат ба таҳдиду чолишҳо" суҳбат карданд.

Роҳҳои Ҳисор-Душанбе кай таъмир мешаванд? 

Корбарон дар гурӯҳи фейсбукии “Ахбор барои афкор” бо нашри чанд акс аз ҳоли зори роҳи Ҳисор-Душанбе хабар медиҳанд.

Оё раводиди байи Эрон ва Тоҷикистон пурра бекор шуд?

Зимни сафари раисҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз лағви пурраи низоми раводид байни ду кишвар хабар дод.

Номаи мухолифи тоҷик ба Трамп

Шарофиддин Гадоев, раиси Ҷунбиши Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон бо навиштани номае ба Президенти тозаинтихоби Амрико Доналд Трамп аз мушкилоти Тоҷикистон гуфтааст.