Хабар ДИН

Боздошти як мард дар Варшава барои таҳдиди оташ задани масҷид ва таҳқири мусулмонон

Мақомоти Лаҳистон (Полша) як мардро бо иттиҳоми таҳдиди оташ задани яке аз масҷидҳои шаҳри Варшава ва фиристодани паёмҳои таҳдидомезу таҳқиромез ба чанд зан боздошт карданд.

Боздошти як мард дар Варшава барои таҳдиди оташ задани масҷид ва таҳқири мусулмонон Акс: Adrian Grycuk

Мақомоти Лаҳистон (Полша) як мардро бо иттиҳоми таҳдиди оташ задани яке аз масҷидҳои шаҳри Варшава ва фиристодани паёмҳои таҳдидомезу таҳқиромез ба чанд зан боздошт карданд.

Бино ба иттилои Додситонии Варшава, яке аз ҷабрдидагон имоми Маркази фарҳанги исломии Варшава (Centrum Kultury Islamu) мебошад. Ва марказ дар кӯчаи Вертничка 103, воқеъ дар ноҳияи Виланови Варшава ҷойгир аст. Ӯ рӯзи 11-уми ноябри соли 2026 ба пулис хабар додааст, ки тавассути паёмрасони “WhatsApp” паёме бо таҳдиди оташ задани масҷид гирифтааст, ки дар ӯ нигаронӣ аз амнияти ҷони худ ва афроде, ки ба масҷид меояндро ба вуҷуд овардааст.

Бояд гуфт, дар ин масҷид мусулмонони миллатҳои гуногун, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон ва дигар хориҷиёни муқими шаҳри Варшава намоз мегузоранд.

Пулис рӯзи 12-уми ноябр фиристандаи паёмро боздошт карда, ҳангоми кофтукови манзили ӯ телефон ва чанд навъи таҷҳизоту ашёи дигарро мусодира кардааст. Дар байни онҳо ҳафт корди гуногун, аз ҷумла кордҳои ҷангӣ, шаш корди тамринӣ, як норинҷаки тамринии осколкавӣ, ду жилети тактикӣ, камарбанди тактикӣ бо ғилофи таппонча, калтаки телескопӣ, ниқоби зидди газ бо таҷҳизоти иловагӣ ва куботан будаанд.

Таҳқиқи ибтидоии телефони боздоштшуда нишон додааст, ки ӯ танҳо ба имоми масҷид таҳдид накардааст. Ба иттилои додситонӣ, мард дар интернет занони лаҳистониро, ки бо мусулмонон робита доштаанд ё дар кишварҳои арабӣ зиндагӣ мекунанд, ҷустуҷӯ намуда, ба онҳо низ паёмҳои таҳқиромез ва таҳдидомез мефиристодааст.

Дар маҷмуъ, нисбат ба Кшиштоф П., ки дар расонаҳои Лаҳистон танҳо бо ҳарфи аввали насабаш муаррифӣ мешавад, панҷ иттиҳом, аз ҷумла таҳдиду таҳқири имоми Маркази фарҳанги исломии Варшава ва чор зани истифодабарандаи Facebook бо сабаби мансубияти диниашон, эълон шудааст.

Гумонбаршуда ҳангоми бозпурсӣ гуноҳашро эътироф карда, гуфтааст, ки паёмҳоро зери таъсири хашму эҳсосот пас аз ҳамлаи мусаллаҳона дар шаҳри Краков фиристодааст. Ба гуфтаи ӯ, аз ҳодисаи рухдода хашмгин шуда, ба шахсони ношинос паёмҳои таҳдидомез навиштааст ва ҳоло аз ин амалаш пушаймон мебошад.

Ӯ ҳамчунин гуфтааст, ки шахсан ягон мусулмонро намешиносад ва дар Варшава танҳо як бор, ду сол пеш, дар раҳпаймоии Рӯзи истиқлолияти Лаҳистон иштирок кардааст. Гумонбаршуда эътироф кардааст, ки қаблан ҳатто дар наздикии масҷиди кӯчаи Вертничка низ набудааст. Ба гуфтаи ӯ, нияти амалӣ кардани таҳдидҳояшро надоштааст.

Дар мавриди ашёи ёфтшуда дар манзилаш низ ӯ шарҳ додааст, ки кордҳоро барои ҷамъоварӣ нигоҳ медоштааст, кордҳои тамринӣ барои машқҳои худдифоӣ ва таҷҳизоти тактикӣ барои бозиҳои ҳарбии “Air Soft Gun” истифода мешудаанд.

Додситонӣ ба шароити қазия ва шубҳаҳо нисбат ба дурустии баъзе шарҳҳои гумонбаршуда ишора карда, рӯзи 13-уми ноябр аз додгоҳ хостааст, ки ӯро ба ҳабси пешакӣ гирад. Аммо додгоҳ рӯзи 14-уми ноябр ин дархостро рад карда, ба ҷойи он назорати пулисро нисбат ба гумонбар муқаррар кардааст. Ва ҳоло тафтиши парвандаро Додситонии ноҳияи Урсинови Варшава идома медиҳад.

Ин ҳодиса дар ҳолест, ки қаблан низ дар Лаҳистон мавридҳои таҳдид ва нақшаи ҳамла ба масҷидҳо сабт шудаанд. Аз ҷумла, тибқи иттилои Додситонии кулли ин кишвар, узви як гурӯҳи ифротгарои ростгаро бо номи Томаш М. ҳамроҳ бо нафари дигар нақша доштанд, ки бо истифода аз маводи тарканда ва заҳролуд ба масҷидҳои Варшава ва рӯҳониёни мусалмон ҳамла кунанд. Соли 2022 додгоҳ Томаш М.-ро дар ин қазия гунаҳкор дониста, ба се соли зиндон ва пардохти ҷарима маҳкум карда буд.

Мавзӯъҳои марбут