Иди Қурбон муборак бошад!

Тамоми кишварҳои исломӣ рӯзи чоршанбе, 27-уми май Иди саиди Қурбонро ҷашн мегиранд. Дар Тоҷикистон низ фардо ин ид ҷашн гирифта мешавад.

Иди саиди Қурбон аз ҷумлаи ду иди бузурги мусалмонист, ки ҳар сол мувофиқи солшумории ҳиҷрӣ-қамарӣ рӯзи 10-уми моҳи зулҳиҷҷа баргузор мешавад.

Мусалмонон дар ин рӯз пас аз хондани намози ид ба зиёрати якдигар рафта, аз ҳоли беморону ниёзмандон огоҳ мешаванд. Ва инчунин шахсони сарватманд ва доро гову гусфанд ва ё буз қурбонӣ намуда, гӯшти онро ба ниёзмандон тақсим мекунанд.

Аз фурсати муносиб истифода намуда, ҳайати эҷодии Azda tv фарорасии Иди саиди Қурбонро барои тамоми мусалмонои дунё, бахусус ҳамдиёрони азиз, ки дар ҳар гӯшаву канори дунё ҳастанд, табрику таҳният гуфта, барои якояки азизон аз Худованди Мутаол тани сиҳату рӯзгори хӯшро таманно дорад.

Ҳамаше дасти пуру хонаи обод дошта бошед ва дар ҳалқаи хонадону ёру дӯстон зиндагии босаодатро бароятон хоҳонем.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Эмомалӣ Раҳмон дар Бишкек: аз мулоқот бо Пизишкиён то гуфтугӯ бо намояндагони ИМА

Раиcҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ ба Бишкек рафт.

Барои надоштани костюми хокистарранг хонандагонро аз дарси “Сулҳ” ронданд

Навори падаре, ки мегӯяд фарзандашро барои надоштани костюм ва...

Оғози ҳамлаҳои нав байни Амрико ва Эрон

Таниш миёни ИМА ва Эрон дубора авҷ гирифт. Нерӯҳои Амрико ду партобгари мушакии Сипоҳи посдорони Инқилоби исломиро дар ҷазираи Лорак ҳадаф қарор доданд.

Роғун: Сохтмон ё кӯлоҳбардории аср ва ояндаи норӯшани он

НОБ-и Роғун, бузургтарин сохтмони таърихи кишвар, ки аз худи...