Рӯзи 19-уми ноябр дар Душанбе ҷаласаи 45-уми Гурӯҳи Авруосиё барои мубориза бо пулшӯӣ ва маблағгузории терроризм оғоз шуд. Дар нишасти дурӯза намояндагони кишварҳои узв гузоришҳои Русия, Қазоқистон ва Узбекистонро дар бораи натиҷаҳои мубориза бо пулшӯӣ баррасӣ мекунанд.
Ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, дар ифтитоҳи ҷаласа Ҳоким Холиқзода, муовини аввали сарвазири Тоҷикистон, ва Юрий Чиханчин, раиси Гурӯҳи Авруосиё ва раҳбари Хадамоти федеролии мониторинги молиявии Русия, суханронӣ карданд. Гурӯҳҳои корӣ аз 16-уми ноябр дар Душанбе масъалаҳои ҳуқуқӣ, кумаки техникӣ ва роҳҳои ошкор кардани манбаъҳои маблағгузории терроризмро баррасӣ мекарданд.
Дар ҳошияи нишаст Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ва ниҳоди ҳамтои он дар Русия ду санади ҳамкорӣ имзо карданд. Бонки миллӣ 18-уми ноябр хабар дод, ки ҳадафи ин санадҳо таҳкими заминаи ҳуқуқии ҳамкорӣ миёни ду ниҳод аст. Дар ҷаласаи ҷудогонаи раҳбарони воҳидҳои иктишофи молиявии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ табодули маълумот барои ошкор кардани қаллобӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва маблағгузории терроризм баррасӣ шуд.