Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст. Акнун ҳаҷми ин квота аз 450 ҳазор ба 550 ҳазор тонна мерасад.
Хабаргузории Reuters рӯзи 5-уми ноябр бо истинод ба се манбаи соҳа хабар дод, ки музокирот ба сабаби ба поён расидани квотаи қаблӣ дар моҳи ноябр сурат гирифтааст. Вазоратҳои энергетикаи Русия ва Тоҷикистон то замони нашри гузориш ба дархости хабаргузорӣ посух надодаанд.
Бо ин тағйирот, ҳаҷми умумии квотаи маҳсулоти нафтии бебоҷ аз Русия барои Тоҷикистон ба 1 миллиону 210 ҳазор тонна мерасад. Аз ин миқдор 550 ҳазор тонна дизел, 420 ҳазор тонна бензин ва боқимонда сӯзишвории ҳавопаймо, мазут, битум, гази моеъ ва кокси нафтӣ мебошад.
Тоҷикистон узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё нест ва ҳаҷми воридоти бебоҷи сӯзишвориро ҳар сол бо Маскав мувофиқа мекунад. Ба гуфтаи мутахассисони соҳа, дар даҳ моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми интиқоли дизели Русия ба Тоҷикистон аз 370 ҳазор тонна гузаштааст.
Афзоиши квота пас аз камбуду гаронии дизел дар тобистони имсол сурат мегирад. Ба гузориши “Азия-Плюс“, аввали июл дар баъзе нуқтаҳои фурӯши Душанбе дизел тамом шуда, дар чандеи дигар фурӯш то 20 литр барои ҳар мошин маҳдуд гардида буд. Охири июл нархи як литр дар баъзе нуқтаҳо ба 17–18 сомонӣ расида буд.
Русия таъминкунандаи асосии маҳсулоти нафтии Тоҷикистон ба ҳисорб меравад. Душанбе барои ҷуброни коҳиши таъминот ба Эрон, Қазоқистон, Туркманистон ва Беларус низ муроҷиат кардааст. Дар ин шартномаи наве, ки сурат гирифтааст, нархи харид ва муҳлати расидани дизели иловагӣ ба кишвар зикр нашудааст. Ҳоло маълум нест, ки ин афзоиш кай ба бозори дохилӣ мерасад ва ба нархи сӯзишворӣ чӣ таъсир мегузорад.
