Хабар СИЁСАТ

Путин пас аз нишасти Чин ба Тоҷикистон омад

Президенти Русия Владимир Путин шоми дирӯз бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омад. Ӯро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе президенти худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифт.

Путин пас аз нишасти Чин ба Тоҷикистон омад Акс аз хадамоти матбуоти президенти Русия/ТАСС

Президенти Русия Владимир Путин шоми рӯзи 19-уми ноябр бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омад. Ӯро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе президенти худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифт. Дар ин бора хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон хабар дод.

Ба иттилои расонаҳои Русия, сафари Путин ду рӯз — 19 ва 20-уми ноябрро дар бар мегирад. Ӯ баъд аз анҷоми сафари дурӯза ба Чин ва иштирок дар нишасти ҳамкории иқтисодии кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (APEC) ба Душанбе омадааст.

Интизор меравад, ки дар ҷараёни мулоқоти Владимир Путин бо Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба, ҳамкориҳои иқтисодӣ ва лоиҳаҳои муштараки Тоҷикистону Русия баррасӣ шаванд.

Ба иттилои хабаргузории давлатии Русия — ТАСС, аз ҷумла вазъи Афғонистон ва фаъолияти пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон низ аз мавзуъҳои эҳтимолии музокироти ду ҷониб мебошанд.

Қаблан, 12-уми ноябр, Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари худ ба Маскав дар нишасти Созмони Паймони амнияти дастҷамъӣ иштирок карда, бо Владимир Путин мулоқот карда буд. Ба гуфтаи раҳбари Русия, бинобар маҳдудияти вақт дар он мулоқот имкон нашудааст, ки ҳамаи масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб баррасӣ шаванд.

Русия яке аз шарикони асосии иқтисодӣ ва амниятии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар баробари ин, масъалаҳои муҳоҷирати корӣ, вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ва амнияти минтақавӣ аз мавзуъҳои муҳими муносибатҳои ду кишвар дониста мешаванд.

Тафсилоти натиҷаҳои мулоқоти сарони ду кишвар ҳанӯз эълон нашудааст.

Мавзӯъҳои марбут