Хабар
СИЁСАТ ТОҶИКИСТОН
Гуфтугӯи Раҳмон ва Путин: барои муҳоҷирон чӣ тасмим гирифтанд?
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар Маскав дар бораи муҳоҷирати корӣ суҳбат карданд. Аммо маълум нест, ки барои ҳалли мушкилоти муҳоҷирони тоҷик чӣ тасмим гирифтаанд.
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар Маскав дар бораи муҳоҷирати корӣ суҳбат карданд. Аммо маълум нест, ки барои ҳалли мушкилоти муҳоҷирони тоҷик чӣ тасмим гирифтаанд.
Президенти Тоҷикистон рӯзи 12-уми ноябр барои ширкат дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) ба Маскав рафт. Ӯ пас аз нишаст бо президенти Русия мулоқот кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, дар ин дидор масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, амниятӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират баррасӣ шуданд. Вале дар хабар гуфта нашудааст, ки Раҳмон ва Путин кадом мушкилоти муҳоҷиронро муҳокима карданд ва барои ҳалли онҳо чӣ пешниҳоде доштанд.
Ин мулоқот дар ҳолест, ки Русия қоидаҳои муҳоҷиратро пайваста сахттар мекунад. Муҳоҷирони тоҷик аз санҷишҳои пайдарпайи ҳуҷҷатҳо, боздошт, ихроҷ ва манъи вуруд шикоят доранд. Бархе шаҳрвандони Тоҷикистон дар фурудгоҳҳои Русия соатҳо бозпурсӣ мешаванд ва баъдан иҷозаи вуруд намегиранд.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ низ борҳо аз табъиз ва бадрафторӣ бо муҳоҷирони тоҷик дар Русия хабар додаанд.
Бо вуҷуди ин, Русия ҳамоно ҷойи асосии кори муҳоҷирони тоҷик аст. Бисёре аз хонаводаҳо дар Тоҷикистон аз ҳисоби маблағе зиндагӣ мекунанд, ки наздиконашон аз Русия мефиристанд.
Раҳмон ва Путин дар мулоқотҳои пешин ҳам дар бораи муҳоҷират суҳбат карда буданд. Аммо дар хабари мулоқоти ахир гуфта нашудааст, ки гуфтугӯҳои қаблӣ чӣ натиҷа додаанд ва ин бор барои беҳтар кардани вазъи муҳоҷирон чӣ кор хоҳанд кард.