Хабар МУҲОҶИРАТ

Эҳтиёт бошед! Баҳси шаҳодатномаҳои ронандагии қалбакӣ миёни муҳоҷирон дар Аврупо

Гурӯҳи "Тоҷикони Олмон" дар шабакаи иҷтимоии Facebook бо нашри як эълон аз муҳоҷирон хостааст, ҳангоми гирифтани шаҳодатномаи ронандагии Лаҳистон эҳтиёткор бошанд.

Эҳтиёт бошед! Баҳси шаҳодатномаҳои ронандагии қалбакӣ миёни муҳоҷирон дар Аврупо Акс: AI

Гурӯҳи “Тоҷикони Олмон” дар шабакаи иҷтимоии Facebook бо нашри як эълон аз муҳоҷирон хостааст, ҳангоми гирифтани шаҳодатномаи ронандагии Лаҳистон (Полша) эҳтиёткор бошанд.

Дар эълон гуфта мешавад, ки шахсе бо номи Максудҷон Аҳмадов ба чанд нафар ваъда додааст, ки барои онҳо шаҳодатномаи ронандагии эътиборноки Лаҳистонро омода мекунад. Ба гуфтаи муаллифи эълон Зарипов Б., барои ин аз ҳар нафар 1500 евро талаб шудааст.

Дар ин эълон гуфта мешавад, шаҳрвандон ба ҷойи ҳуҷҷати воқеӣ шаҳодатномаи қалбакӣ гирифтаанд, ин ҳолат ҳангоми санҷиши пулис дар Олмон ва инчунин ҳангоми кӯшиши иваз кардани шаҳодатномаи ронандагии Лаҳистон ба ҳуқуқномаи олмонӣ (Umschreibung) ошкор шудааст.

Ба гуфтаи муаллиф, ҳадафи ин огоҳи пешгирӣ аз фиреб хӯрдани дигар муҳоҷирон аст.

Аммо Максудҷон Аҳмадов зери ин эълон дар Фейсбук иттиҳомоти қаллобӣ ва сохтакории ҳуҷҷатҳоро рад карда, аз муаллифони ин иддаоҳо талаб кардааст, ки далел пешниҳод кунанд ва барои исботи ҳақиқат омодааст ба додгоҳ муроҷиат намоянд.

Azda TV дурустии гуфтаҳои ҳарду тарафро мустақилона тасдиқ карда натавонист.

Ин ҳам дар ҳолест, ки бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба кишварҳои аврупоӣ муҳоҷир шудаанду ба таксиронӣ машғуланд, барои иваз кардани шаҳодатномаҳои ронандагияшон борҳо аз ҷониби миёнаравҳо фиреб хӯрдаанд. Бархе шаҳодатномаҳои қаблакӣ дарёфт карда, бархе дигар барои ивази он ба нусхаи аврупоӣ маблағи хеле зиёд додаанд.

Тибқи қонунҳои Олмон, истифода аз шаҳодатномаи қалбакӣ метавонад боиси ҷавобгарии ҷиноятӣ, ҷарима ва маҳрум шудан аз ҳуқуқи ронандагӣ гардад. Мақомот тавсия медиҳанд, ки шаҳрвандон ҳуҷҷатҳои расмиро танҳо тавассути роҳҳои қонунӣ ва муассисаҳои ваколатдор ба даст оранд.

Ба далели сахтар шудани қонунҳои муҳоҷирати дар Русия солҳои охир сафи муҳоҷирони шаҳрвандони Тоҷикистон ба кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла Литва, Латвия, Лаҳистон ва Олмон зиёд шудааст.

Мавзӯъҳои марбут