Хабар МУҲОҶИРАТ ҶОМЕА

Дар фурудгоҳи Қазон чаро аз мусофирон пули изофӣ талаб мекунанд?

Муҳоҷирон аз мавҷудияти ҳолатҳои пулситонии ғайриқонунӣ дар баъзе фурудгоҳҳои Русия шикоят доранд.

Дар фурудгоҳи Қазон чаро аз мусофирон пули изофӣ талаб мекунанд? Акс аз Фейсбук

Муҳоҷирон аз мавҷудияти ҳолатҳои пулситонии ғайриқонунӣ дар баъзе фурудгоҳҳои Русия шикоят доранд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе давр мезанад, ки гуфта мешавад, дар фурудгоҳи байналмилалии Қазон сабт шудааст. Дар он иддао мешавад, ки гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз муҳоҷирон ғайриқонунӣ пул меситонанд. Ба иддаои нашркунандагони навор, онҳо бо баҳонаҳои гуногун, аз ҷумла мушкилоти марбут ба бағоҷ, вазни зиёди бор ё норасоӣ дар ҳуҷҷатҳо, аз мусофирон маблағ талаб мекунанд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар сурати рад кардани пардохт, мусофирон зери фишор қарор гирифта, ҳатто аз сӯи ин афрод таҳдид мешаванд. Аммо то ҳол дурустии ин иддаоҳо ва ҳолатҳои дар навор нишон додашуда ба таври мустақил тасдиқ нашудаанд.

Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар ин маврид дар саҳфаи фейсбукияш навиштааст, ки чунин ҳодисаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки бархе аз зуҳуроти солҳои 1990-ум ҳанӯз аз байн нарафтаанд. Ба гуфтаи ӯ, ба истиснои Маскав ва чанд шаҳри бузург, чунин мушкилот дар баъзе минтақаҳои Русия вуҷуд доранд. Ҳатто дар шаҳрҳои калон низ наметавон итминон дошт, ки чунин қонуншиканиҳо рух намедиҳанд.

Ёров менависад, ки ба гуфтаи шоҳидон, чунин ҳолатҳо бештар дар парвозҳо ба Тоҷикистон, бахусус дар хатсайри Хуҷанд, мушоҳида мешаванд. Ба андешаи ӯ, аз рафтори афроди дар навор сабтшуда чунин бармеояд, ки эҳтимол баъзе кормандони масъули парвозҳо онҳоро мешиносанд. Албатта, ин тахмин низ то ҳол бо далелҳои мустақил тасдиқ нашудааст.

Дар шарҳҳои шабакаҳои иҷтимоӣ корбарон номи як шахсро зикр карда, ӯро намояндаи ширкати ҳавопаймоии Nordwind муаррифӣ мекунанд. Аммо касе аз мақоми намояндагии ӯ ва ё эҳтимоли иртиботаш бо мавридҳои иддаошударо дақиқ зикр накардаст.

Дар ҳамин ҳол, 20-уми ноябри соли 2026 дар ҳамин фурудгоҳи Қазон як шаҳрванди Тоҷикистон бо гумони тамаъҷӯӣ аз ронандагони таксиҳои ғайрирасмӣ боздошт ва бо қарори додгоҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд.

Тибқи гузоришҳои расонаҳои маҳаллии Русия, Шамсулло Мудинови 50-сола дар талаб кардани маблағ аз ронандагоне гумонбар мешавад, ки дар ҳудуди фурудгоҳи байналмилалии Қазон фаъолият мекарданд. Ба гуфтаи тафтишот, ӯ аз онҳо барои гирифтани иҷозаи фаъолият пул талаб мекардааст. Дар ин парванда то замони нашри гузориш ду нафар ҳамчун ҷабрдида сабт шудаанд.

Масъалаи пулситонии ғайриқонунӣ аз муҳоҷирон, ба гуфтаи бархе фаъолони ҷомеа, танҳо ба фурудгоҳҳо маҳдуд намешавад. Онҳо аз мавридҳои шабеҳи талаб кардани маблағ аз ҳамватанон дар бозорҳо ва ҷойҳои корӣ низ ёд мекунанд.

То замони таҳияи ин матлаб шарҳи расмии маъмурияти фурудгоҳи Қазон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия дар бораи иддаоҳои марбут ба пулситонӣ аз мусофирон дастрас нашудааст. Ҳамчунин мавқеи расмии ширкати Nordwind дар бораи иддаои эҳтимолии иртиботи намояндааш ба ин масъала маълум нест.

Мавзӯъҳои марбут