14.9 C
Dushanbe

ПИРОМУНИ ТАЪРИХИ ИСТЕЪМОРИ РУСИЯ

(Посух ба вакили Думаи давлатӣ Русия Сергей Миронов ва ҳамсафонаш)

Ба таваҷҷӯҳи хонандагон!

Аз адами риояти русуми ахлоқии рӯзноманигорӣ дар Воситаи ахбори омма (ВАО) бояд сахт нигарон шуд, чаро ки бетаваҷҷӯҳии масъулин нисбат ба муаллифин ва заҳамоти онон возеҳтарин нишонаи сатҳи фарҳанг ва шохисаи шеваи кори кормандони ВАО бо ҷомеъаи шаҳрвандӣ аст. Инро бад-ин хотир мегӯям, ки як тан узви он ҷомеъам.

Матлаби зер бо хоҳиши яке аз масъулини Радиои Oзодӣ ба унвони посухе ба иттиҳоми маъруфи вакили Думаи Русия оқои Сергей Миронов дар таърихи 19.01.2025. ирсол гардид. Бо ин ки гирифториҳои зиёде доштам, хамаи корҳоро канор гузошта, рӯйи таҳияи матлаб мутамарказ шудам. Қарор буд, ин гуфтор пеш аз пахши вежабарномаи «Гапи озод» (“Чаро китобҳои Тоҷикистон вакилони русро асабонӣ кард?” нашр мешуд.

Ба сабаби ин ки гирифтори корҳои дигаре будам, натавонистам дар вежабарномаи «Гапи озод»-и Радиои Oзодӣ ширкат намоям ва маъзарат хостам. Вале, ба чӣ далеле бошад, то имрӯз матлаби мазбур дар сомонаи РО нашр нашуд. Тасмим гирифтам матлаби мазбурро барои чоп ба сомонаи Azda TV таҳвил диҳам.

**************

Эътирози ошкори вакили Думаи давлатии Русия Сергей Миронов бар мӯҳтавои яке аз китобҳои дарсии «Таърихи мардуми тоҷик», ки ба забони русӣ барои донишомӯзони русзабони ҷумҳурӣ таҳия шудааст, дар нишасти 16 январи соли ҷорӣ зимни муроҷиаи хеш ба вакилони Парламенти Русия арза кард, муссалам аст, сару садоҳои зиёдеро дар расонаҳо ба вуҷуд овард. С. Миронов мӯътақид аст, модоме, ки китоби дарсӣ ба маблағи Русия ба чоп расидааст, мӯҳтавои он ҳатман бояд тибқи хостаҳои ҳукумати Русия тадвин шавад. Бад-ин хотир аст, вай бар истифодаи ибораи «оккупсияи Русия» дар китоби дарсии тоҷикон сахт чира шуда, масъулини чопи китобро шадидан маҳкум намуда ва ба ононро ҷавобгарӣ кашидаст.

С. Миронов, ки худ раҳбари Ҳизби Адолати Русия аст, бо амали худ манзалати Адолатро залил кардааст. Вай дар муроҷиаи хеш на танҳо, эҳтироми ҳаққу ҳуқуқи миллатҳои дигарро қоил нест, ки балки ошкоро таҳрифи таърих ва душноми ҳувияти милли тоҷикон мекунад. Кош, ин сиёсатмадори воломақоми ноогоҳ аз адабу таърих, қабл аз ин ки даст ба кори сиёсат занад, бояд ба маънии сиёсии вожаҳо мерасид. Агарчӣ, ӯ яқин медонад, ки «оккупатсия» маънии «ишғол»-ро дорост, вале бо амали ношоистаи хеш амдан таърихи истеъмори Русияро дар Осиёи Марказӣ инкор менамояд. Эшон бояд бидонад, ки ин вожа ба маънии нуфуз ва дахолати давлатҳои абарқударту зӯрманд дар сарзаминҳо ва кишварҳои заифу нотавон бо баҳонаҳои мухталиф аст. Вале воқеъиятҳои таърихи гузашта ва имрӯз нишон медиҳанд, ки истеъмор бо ҳадафи ба тороҷ бурдани дороиҳои кишварҳо ва миллатҳои дигар корбурд дошта ва он натиҷаи «оккупатсия» аст.

Истеъмор як падидаи аз реша сиёсӣ-иқтисодист, ки он дар оғози асри 16 мелодӣ дар Урупо пайдо шуда ва ҳукуматҳои Инглистон, Фаронса, Портуғол, Испаниё ва ғ. аз ҷумлаи нахустин давлатҳое маҳсубанд, ки ба манзури баҳракашӣ вориди кишварҳо ва сарзаминҳое шудаанд.

Аз нақша то амал

Бар хилофи иттиҳом ва таҳрифҳои амдии Сергей Миронов ва ҳаводоронаш, Русия низ бешакк, аз зумраи кишварҳои истеъморгар ва султаҷӯйи таърих маҳсуб мебошад. Ҳамагӣ шоҳидем, сафи таҳрифгарони таърихи миллатҳои ғайри рус ва судҷуёни мутанаффир дар Русияи фасодзада ҳам акнун дар ҳоли зиёд шудан аст. Дар баробари дасисабозони таърих ин турфа набояд сокит нишаст. Ба унвони як тан муаррих, ки парваридаи Факултаи таърихи Донишгоҳи М. В. Ломоносов ҳастам, ба ин тоифа аз сиёсатмадорони фурсатҷу посухам ин гуна хоҳад буд:

Нахуст. Ормонҳо ва нақшҳои Пётри Кабир. Ангор, ки Сергей Миронов ва ҳампешагонаш аз мӯҳтавои илмии кутуб ва таҳқиқоти гузаштавӯ  имрӯзи меҳанаш, ки ба забони модариаш таълиф шудаанд, мутлақо огоҳ нест. Барои кӯрон асоҳои таърих зиёдаанд. Агар С. Миронов ва тарафдоронаш бидуни таассуб ба таърих ва осори таърихии асри империолистии Русия нигоҳ мекарданд, ба гунаи возеҳ медиданд, ки тамомии масъулин ҳукумати вақт, дипломосҳо, ҷосусони расмӣ ва ғайри расмии Русия ва аз ҳама муҳимм женролҳои боломақоми артеши ин кишвар, ки аз омилон ва шоҳиди вақоеъи рӯзгор буданд, дар гузоришҳои худ вуруди Русияро ба кишварҳои Осиёи Марказӣ бавозеҳ «истило» («завоевание», «оккупатсия») гуфтаанд.

Зимнан, дар тамомии кутуби таърихии Русия бо таъкид омадааст, ки тасарруфи минтақаи бузургу васеъи Тӯрони куҳан, ки асосан ҳудуди Осиёи Марказӣ бошад, аслитарин ҳадафи Имперотурии Русия нисбат ба ҳамсоягони самти ҷанубии қаламрави хеш, ки ғолибан, мусалмонон будаанд, барои ҳамеша маҳсуб мешудааст. Оё Сергей Миронов ва ҳаммаслаконаш медонанд, ки табдил додани ин сарзамини ғаниву мутамаддину таърихӣ ба ӯнвони бахше аз қоллониҳои Русияи истеъморӣ натиҷаи нақшаҳое будаст, ки ҳанӯз аз замони ҳукумати Пётри Кабир (1682-1725) оғоз шуд. Чунончӣ, соли 1715 подшоҳи Русия Пётри Аввал, пас аз касби иттилоъот аз авзоъи хониҳои Осиёи Марказӣ, бо ҳадафи расидан ба дарёи Ҳиндустон ду экспедитсияи низомӣ созмон дод: яке аз Астархон ба сӯйи Хива ва дигаре аз Тоболск то дарёи Иртиш. Ҳар ду экспедиция ноком буд (с.-ҳои 1716 – 1717).

Агар Сергей Миронов ба кутуби таърихи Русия назаре афканад, хоҳад дид, ки тибқи нақшаи Пётри Кабир буд, ки соли 1716 сипоҳиёни русӣ таҳти сарфармондеҳии Бухголтс шаҳрҳои Омск (дар болооби Иртиш), Уст-Каменогорск, Семипалатинск ва дигар қалъаҳоро бунёд ниҳод. Пас аз андак замон солҳои 1716-1717, тибқи фармони ҳамон Пётри Кабир гурӯҳи сипоҳиён таҳти рахбарии Бекович-Черкасский ба Осиёи Миёна фиристода шуд. Ҳадафи ирсоли ин гурӯҳ зери султаи Русия қарор додани хонии Хева буд. Аммо ин гурӯҳ аз тарафи хони Хева нобуд карда шуд. Хулосаи юриши русҳо алайҳи хонии Хива ин аст, ки нақшаи забт кардани давлатҳои Осиёи Марказӣ ин бор иҷро нашуд.

Пётри Кабир, шикасти худро дар баробари хони Хива, як ҳодисаи муваққатӣ мепиндошт. Вай ба хотири расидан ба ҳадафаш дар мамолики Шарқ, ин дафъа рӯ ба Эрон ниҳод. Бо истифода аз шароити бӯҳронии Эрон, русҳо тавонистанд Дарбанд (моҳи августи c. 1722), пас аз як сол соҳили ғарбии баҳри Каспий бо қалъаҳои маъруфи он Боку, Рашт ва Астрободро низ забт кунанд. Ва аммо дастоварҳои Пётри Кабир дер напоид ва ниҳоятан, ниятҳояш ба нокоми рӯ ба рӯ шуданд.

Дувум. «Қазоқҳо – калиду дарвозаи Осиё». Ин маврид барои ҳамаи миллатгароёни русӣ, аз ҷумла, барои С. Миронов хуш нахоҳад омад. Барбод рафтани нақшаҳо ва иқдомоти Пётри Аввал дар Осиёи Марказӣ нишонгари он аст, ки кӯшишҳои истеҳкоми ҳузури Русия дар хониҳои Осиёи Марказӣ бефоида буд. Пётри Аввал дарк карда буд, ки сипоҳи қазоқҳо «калид ва дарвозаи тамоми кишвару сарзамини Осиё аст ва аз ин сабаб зарур аст, ки ин лашкар зери ҳимояи Русия бошад.» Бо ин ҳадаф, ҳукуматҳои минбаъдаи Русия ҳамвора барои идома додани муносибатҳои тиҷорӣ ва дипломосӣ бо хониҳои мазбури Осиёи Марказӣ, таваҷҷӯҳи худро ба қазоқони даштҳои Қипчоқ равона карда ва пас аз талошҳои зиёд ва талафот (аз солҳои 1731 то 1740) тавонистанд хонҳо ва сардорони қабилаҳои қазоқро зери итоати худ дароваранд.

Севум. Дар замоне, ки султаи Русия ба самти ҷануб, яъне ба дашти Казоқистони кунуни паҳн мешуд, ҳамзамон нуфузи хониҳои Хӯқанду Хива ба самти шимол вусъат пайдо мекард. Русия зимистони соли 1839/40 тасмим гирифт аз шаҳри Оренбург экспедитсияи низоми зидди хонии Хива созмон диҳад. Аммо ин иқдом бо нокомӣ анҷом ёфт. Пас аз бозбинии истротежии худ нисбат ба қазияи хонии Хива, дар нимаи қарни 19 Русия тавонист тамомии қазоқҳоро ба итоати худ дароварад. Бунёди қалъаҳои муҳимм чун: Раимовское (аз соли 1851 Аралское) дар наздикии резишгоҳи руди Сир, қалъаи Копал дар вилояти Ҳафтруд (с. 1847), қалъаи Верное (баъдтар шаҳри Верный, Олма-Атои муосир) ва қалъаҳои дигар аз тарафи русҳо, дар воқеъ, ба маънии таъсиси пойгоҳҳои низомии Русия ҷиҳати анҷоми забткориҳои минбаъдаи хоноти Осиёи Марказӣ буданд.

Чаҳорӯм. Рақобат. Пешравии Русия дар савоҳили Сирдарё ва вилояти Ҳафтруду атрофи он, ба маънии ибтидои бархӯрдҳои мустақими низомии Русия ва хониҳои Осиёи Миёна буд. Тезутунд шудани манофеъи тарафайн дар тиҷорат ангезаҳои наве буданд барои тавсеъаи иқдомоти низомии Русия алайҳи хоноти Осиёи Марказӣ. Дар зимн, то нимаи асри 19 дар доираҳои тиҷоратии Русия ақидае ҳоким буд, ки Осиёи Миёна минтиқаи бикрест барои таъмини манофеи тиҷоратии Русия.

Далели дигаре, ки бисёр муҳимм аст, тарси Русия аз рақобати тиҷории Бритониё дар Осиёи Марказӣ буд. Тарроҳон ва ҷонибдорони экспансияи Русия, аз хатари нақшаҳои бритониёӣ ҳушдор дода, аз ҳукумати хеш талаб мекарданд, ки пешравии Бритониё ба Осиёи Марказӣ тавассути Афғонистон аз тариқи амалиёти фаврии Русия пешгирӣ карда шавад. Шубҳае нест, ки ҳукумати Русия таҳдиди Бритониёро ба Осиёи Марказӣ ҳамеша ҷиддӣ қабул дошт. Бетардид, манфиатҳои сиёсии ҷаҳонии Русия, бахусус ба рақобати тезутунди Англияву Русия марбутанд, дар таъйини сиёсати Русия дар Осиёи Марказӣ таъсири муҳимм дошт. Дигар ин ки пас аз шикасти худ дар Ҷанги Қрим (1853-56) Русия мехост обрӯ ва мавқеъи низомии худро дар байни давлатҳои Аврупо барқарор кунад. Бад-ин сабаб, Русия қазияи забти Осиёи Марказиро ба ҷиддӣ гирифт.

Панҷӯм. Сарнавишти хонии Хуқанд. Аз оғози ҳамлаи соли 1864 барои Русия 22 сол лозим шуд, то раванди забт кардани тамоми Осиёи Миёнаро ба анҷом расонад. Тасарpуфи Осиёи Марказӣ ҳанӯз дар соли 1854 ба нақша гирифта шуда буд, вале амали шудани он бо ҷанги Қрим ба таъхир афтод ва то соли 1863 анҷом наёфт. Он чи русҳо дар ин муддат ба хубӣ анҷом доданд, созмони додани фаъолияти густардаи ҷосусӣ дар ҳудуди хоноти Осиёи Марказӣ буд.

Соли 1863 як бахши зиёди кишвари кӯҳистони Қирғизистон дар ҷануби кули Иссиқкӯл аз тарафи Русия забт гардид. Пас яз як сол шартномаи байни Русия ва Чин ба имзо расид, ки дар он хатти марзии байни ду имперотурии асри 19 муқаррар карда шуда, бо ҳамин ақибгоҳи сипоҳи русро, ки аз шарқ ба хоки хонии Хӯқанд ворид мешуданд, ҳифз мекард. Моҳи декабри соли 1863 подшоҳи Русия фармонеро содир кард, ки дар он бояд хатти нави марзӣ аз тариқи Сузоқ (шарқи Сирдарё) ва Авлиё-Ато (Ҷамбули ҳозираи Қазоқистон) ва ба Чимкент (дар ҷануби Қазоқистон) ва Туркистон ба хоки Русия расонида шуд. Ҳадафи аввалини ҳуҷуми Русия хонии Хӯқанд буд. Моҳи сентябри соли 1864 шаҳри Чимкент тасарруф гардид.

Пас аз як давраи кӯтоҳ, зимни юриши густарда, бештари ҳудуди хонии Хӯқанд аз тарафи Русия забт гардида ба вилояти Туркистон номгузорӣ шуд. Черняев, ки ба унвони нахустин губернатори ҳарбии Туркистон таъйин гардида буд, бо истифода аз маъракаи нави ҷангии амири Бухоро ба муқобили хони Хӯқанд, нақшаи забт кардани Тошкандро амалӣ намуд. Моҳи майи соли 1865 дар ҷанги назди Тошканд сипоҳи Хӯқанд шикаст хӯрд. Черняев ба Тошканд ҳуҷум кард ва 29 июни с. 1865 шаҳр ба русҳо таслим шуд. Моҳи январи соли 1868 А. П. Кауфман дар бораи Хӯқанд конвенсияи тиҷоратӣ ҷорӣ намуд, ки он ба тоҷирони рус имтиёзҳои гуногунро кафолат дода, рамзи хотима ёфтани ҷанги байни хонии Хӯқанд ва Русияро дошт. Вале дертар, А. П. Кауфман, бо баҳонаи саркубии исёни мардуми водии Фарғона бо сарварии Пӯлодхон (1873-74) лашкари русро ба Фарғона кӯчонид ва шӯриши мардумиро бераҳмона пахш кард. Пас аз қатли Пӯлодхон, хонии Хӯқанд расман барҳам дода ва он ба генерал-губернатории Туркистон ба унвони вилояти Фарғона ҳамроҳ карда шуд (2 феврали 1876).

Шашмӯм. Тақдири Аморати Бухоро. Ҳанӯз пеш аз ҳодисаи Тошканд, муносибатҳои Русия ва хонии Бухоро хеле тезу тунд шуд. Русия аз амалиёти эҳтимолии муштараки хоноти Бухоро ва Хӯқанд бар зидди русҳо нигарон буд. Амири Бухоро талаб дошт, ки русҳо аз Тошканд бароянд. Вале дар посух, Черняев фармон дод, то ҳамаи тоҷирони бухороӣ, ки дар ҳудуди вилояти Туркистон ва генерал-губернатории Оренбург буданд, ба ҳабс гирифта, молу моли онҳоро ғасб шаванд. Тирамоҳи соли 1865 дар ҷануби Тошканд байни сипоҳиёни руси ва бухориён задухурдхо ба вуқӯъ пайвастанд. Дар моҳҳои январь – феврали соли 1866 Черняев аз оби Сир гузашта, саъй намуд, то шаҳри Дизакро ишғол намояд. Вале ин амалиёт ноком шуд.

Ва аммо моҳи майи соли 1866 дар маҳаллаи Эрчор, лашкари аморати Бухоро таҳти фармондеҳии худ амир шикаст хӯрд ва амир рӯ ба гурез ниход. Дар пайи ин ҷанг Хуҷанд, ки калиди водии Фарғона маҳсуб мешуд (як қисми хонии Хӯқанд, ки дар амалиёти ҷангӣ иштирок намекард), тасарруф шуд. Моҳи августи соли 1866 Хуҷанду Тошканд ба Русия ҳамроҳ карда шуданд. Пас аз ин воқеъа, русҳо ба амири Бухоро шартҳои сангини сулҳро пешниҳод карданд. Мусалламан, амир шартҳоро напазируфт. Русҳо ба ҳуҷум шурӯъ карда ва Ӯротеппаву Ҷиззахро (дар моҳи октябри 1866) ва Янги-Қӯрғонро (дар моҳи майи 1867) ишғол карданд.

Моҳи апрели соли 1868 амир Музаффариддин (1834-1885) ба муллоҳои ҷанговари Бухоро ва Самарқанд таслим шуда, ба муқобили Русия ҷанги муқаддас эълон кард. Дар таърихи 1 май ҳамон сол Кауфман аскарони бухороиро дар баландии Чӯпон-Ато дар наздикии Самарқанд торумор кард ва рӯзи дигар ба Самарқанд фуруд омад. 2-юми июн лашкари Бухоро таҳти фармони амир дар баландии Зиробулоқ комилан шикаст хӯрд ва баъд аз он худ амир таслим шуд.

30 июн амири Бухоро ба шартҳои аҳдномаи пешниҳодкардаи Кауфман имзо гузошт. Амир Музаффариддин талафоти тамоми қаламравҳои забткардаи русҳоро эътироф намуда, ба пардохти ҷуброни ҷанг розӣ шуд ва бо ҳамон шартҳое, ки қаблан бо хонии Хӯқанд муқаррар шуда буд, кишварро ба рӯи тоҷирони рус боз намуд.

Ҳафтӯм. Генерал-губернатори Туркистон. Моҳи июли соли 1867 ҳукумати Русия генерал-губернатории нави Туркистон, ки марказаш дар Тошканд қарор дошт, ташкил намуд, ки ба он тамоми ҳудудҳоеро, ки аз соли 1847 дар Осиёи Миёна забт кардашуда буд, шомил карда, ва онро ба ду вилоят тақсим намуданд: Сирдарьё ва Семирече (Ҳафтруд). Анҷоми марҳилаи аввали ислоҳоти маъмурӣ, ба маънии интиқоли сарҳади гумрукии Русия аз хатти кӯҳнаи Оренбург-Иртиш, ки ду сол пеш ба амал омада буд, ба таври ниҳоӣ ҳамроҳ кардани дашти Қазоқистон ба Русия буд.

Аввалин генерал-губернатори Туркистон, ки ба ҷои Романовский омад, женрол А. П. фон Кауфман буд. Генерал-губернатори Туркистон, дар воқеъ, дорои салоҳияти номаҳдуде буд, аз он ҷумла, ин ки вай ҳуқуқи эъломи ҷанг, гуфтушуниди дипломосӣ, тавофуқ бо салоҳдиди худ бо давлатҳои ҳамсоя, имзои конвенсия ва шартномаҳоро бо давлатҳои ҳамсоягон дошт. Ин қудрати фавқулода ва бошукӯҳу шаҳомати ӯ дар Тошканд, ӯро дар миёни аҳолии Осиёи Марказӣ лақаби “Нимимператор” («Ярим Падша») машҳур намуд.

Тақсимоти маъмурии қаламравҳои забтшуда (аз с. 1886 то с. 1899), ки то с. то соли 1917 бетағйир монд, аз муҳиммтарин иқдомоти Русия дар Осиёи Марказӣ буд. Аз соли 1899 генерал-губернатории Туркистон аз панҷ вилоят иборат буд: Сирдарё, Фарғона, Самарқанд, Семиречи ва Закаспи. Вилоёт дар навбаи худ ба уездҳо ва уездҳо ба волостҳо тақсим шуданд.

Сохторни нави маъмурӣ ба кулл характери ҳарбӣ дошт. Чунончи, генерал-губернатор ҳамеша тобеъи мустақими Вазорати ҷанг буд; Губернаторони вилоятҳо ва «комендантҳои уезд» низ ҳамагӣ афсарони низомӣ буданд. Системи нави «мудирияти ҳарбӣ-халқӣ» («военно-народное управление»), агарчӣ, дар зоҳир, зери нуфуз ва назорати марказ қарор дошт, вале зуд олуда бо фасод гардид.

Ҳаштӯм. Уфули хонии Хива. Пас аз шикасти Бухоро таваҷҷуҳи русҳо ба Хива нигаронида шуд. Дар охири соли 1869 сипоҳиёни рус аз Қафқоз ба халиҷи Красноводск, дар соҳили шарқии дарёи Хазар фуруд омаданд ва дар он ҷо шаҳри Красноводскро бунёд ниҳоданд. Русҳо дар зарфи ду сол (солҳои 1870-72) экспедитсияҳои низомӣ бо ҳадафи баррасии бештари авзоъи сиёсӣ-иқтисодӣ ва низомии хоноти Хива, ҳам аз ҷониби ғарб ва ҳам аз тарафи Шарқ биёбонҳоро убур карданд. Хони Хива Муҳаммад-Раҳими II (аз 1864) ва мушовиронаш ба иштибоҳоти истротежӣ ва токтикӣ роҳ доданд. Баҳори соли 1873 сипоҳи рус таҳти роҳбарии Кауфман аз Тошкент, Оренбург ва ду навоҳии истортежии соҳили Каспий, алайҳи Хива сарозер шуда ва 10 июн Хива уфтод. А. П. Кауфман бо сарбозони худро дар Хива ба муддати дувуним моҳ мустақар намуд ва дар моҳи июл ба муқобили туркманҳои Хива ҳуҷуми ваҳшиёнаи оғоз ниҳод. Дар натиҷаи ин ҳамлаи бераҳмонаи русҳо, садҳо тан аз туркманҳо кушта ва маҳалҳои аҳолинишини онҳо тахриб шуданд, хароб кард.

Августи 1873 Кауфман бо хони Хива Муҳаммад-Раҳимхон шартнома баст. Тибқи моддаи аввал, хон мебояст, худро «ходими мутеъ»-и Императори Русия мешуморид ва аз ҳама муҳимм, маҳрум аз соҳибихтиёри ва анҷоми ҳар гуна равобити мустақили хориҷӣ шуд. Русия тамоми ҳудуди хонии Хиваро, ки дар соҳили рости Амударьё қарор дошт ва низ тамоми паҳнои Уст-Юртро ба хоки худ ҳамроҳ кард. Аз ин пас, ҳаракати киштиҳои дарёи Аму зери назорати пурраи Русия қарор гирифт. Ҳамчунин, бо ҳадафи густариши тиҷорати байналмиллалӣ, хонии Хива муваззаф шуд фазоро барои тоҷирони русӣ боз кунад. Ҳамвора тобеъони рус, ки дар ҳудуди хонии Хива иқомат доштанд, соҳиби имтиёзҳои махсуси ҳуқуқӣ шудани хонии Хива лозим омад, товони бузурги ҷангро барои Имперотури Русия бидиҳад.

Нӯҳӯм. Туркманҳо. Баъди тасарруф шудани аморати Бухоро, Хива ва Хӯқанд, навбати ақвоми туркман расид. Дар моҳи августи соли 1879 сарбозони экспедисионии рус бо сардории женрол А. А. Ломакин зимни тасарруфи қалъаи Гӯктеппа (наздикии Ашқободи кунунӣ) аз тарафи туркманҳо талафоти зиёде доданд. Маъракаи нави зидди Теке соли 1880 таҳти роҳбарии женрол М. Д. Скобелев, ки моҳи январи соли 1881 пас аз муҳосираи сеҳафтаинаи тӯлонӣ ба Гӯктеппа ҳамла кард, оғоз ёфт. Дар ин ҷанг тақрибан 15 ҳазор туркмани Теке кушта шуда, муқовимати онҳо шикаста шуд. Ноҳияи Ахол моли Русия эълом шуда, ҳамроҳи заминҳои соҳили шарқии дарёи Каспий, ки каме пештар забт шуда буд, вилояти Закаспий тобеи ноиби Қавқазро ташкил дод. Дар охири соли 1881 Русия бо Эрон конвенсияеро имзо кард, ки сарҳади байни ду давлатро муқаррар мекунад.

Марв, баъди саркӯбии шӯриши туркманҳо, моҳи марти соли 1884 аз тарафи русҳо ишғол шуд. Навоҳии Иолатан ва Пенде (Панчдеҳ), ба болотари руди Мурғоб, худи ҳамон сол тасарруф шуданд. Марзи Имперотурии Русия бо Афғонистон дар байни Теҷен (Ҳарирӯд) ва Амударё ниҳоят соли 1887 муқаррар карда шуд. Экспансияҳои Русия дар Осиёи Марказӣ бо созишномаҳои байни Русия ва Чин; соли 1894 байни Русия ва Инглистон, ва ниҳоятан, соли 1895, ки марзҳои Помирро муқаррар гардиданд, ба анҷом расиданд. Натиҷаи ҳамин созшномаҳо буд, ки бахши зиёди ин сарзамини кӯҳистониро ба ихтиёри Имперотурии Русия вогузор шуд.

Ба ҷои хулоса

Ангеза ва шиддати танаффури сиёсатмадорон нисбат ба миллатҳои дигар, дақиқан бозгӯкунандаи моҳияти аҳдофашон аст. Барои огоҳии ононе, ки мункири таърих ва моҳияти аслии истилои Осиёи Марказӣ аз тарафи Русияанд, батаъкид мебояд гуфт. Кас метавонад ҳақиқатро инкор кунад, вале ҳаргиз аз амри ҳақиқати таърих наметавонад фарор кунад. Бар пояи додаҳои анбӯҳи таҳқиқот ва баррасиҳои илмӣ, сареҳан изъон дошт: Осиёи Марказӣ пас аз истилои бераҳмона табдил ба мустамликаи клоссики Русия шуд. Ин воқеъияти маҳзи таърих аст ва онро наметавон инкор кард.

Хулосаи таърихи равобити Имперотурии Русия бо давлатҳои Осиёи Марказӣ бо ин тамом мешавад:

– Подшоҳони Русия ба унвони давлати султаҷӯи таърихи гузаштаи начандон дур, дер боз саъй бар он доштаанд, ки бар давлатҳои заифу нотавону азҳампошида тасаллути комил дошта бошанд ва батадриҷ ба манзури баҳракашӣ аз мусалмонон вориди сарзаминҳояшон шудаанд.

– Таърихи равобити Русия бо сарзаминҳо ва мардумони Осиёи Марказӣ – гӯётарин намунаи таърихи истеъмори кишвари зӯрманди Русия ва тассаруфи меҳани мусалмонон аст.

Луқмон Бойматов, муаррих

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳамлаи Украина ба Маскав пеш аз оғози музокироти Ҷидда

Субҳи рӯзи 11-уми март артиши Украина ба шаҳри Маскав ҳамлаи густурдаи паҳподӣ анҷом дод, ки гуфта мешавад, ин ҳамлаи ҷавобӣ ба ҳуҷумҳои ахири Русия буд.

Музокироти Украина ва Амрико дар Арабистони Саудӣ

Дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ музокироти ҳайатҳои Украина ва ИМА оғоз ёфт.

Эмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон меравад

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 12-уми март бо як сафари расмии дурӯза ба Ҷумҳурии Қирғизистон меравад.

Таҳқиқи боз як хонаводаи тоҷик дар Русия барои гирифтани манзил

Кумитаи тафтишотии Русия таҳқиқоти наверо дар мавриди соҳиби манзил шудани як хонаводаи ниёзманди тоҷик дар Ҷумҳурии Тотористон оғоз кардааст.