21.9 C
Dushanbe

Ҳабси боз як нафар барои фиристодани пул ба “Ислоҳ”

Дар Тоҷикистон боз як муҳоҷири собиқро бо иттиҳоми фиристодани маблағ ба Муҳаммадиқболи Садриддин, мудири пойгоҳи “Ислоҳ” равонаи зиндон карданд.

25-уми апрели соли ҷорӣ, Додгоҳи шаҳри Ваҳдат бо нашри иттилоияе хабар дод, ки сокини 39-солаи ҷамоати Карим Исмоили шаҳри Ваҳдатро бо моддаи 179 иловаи 2, қисми 2, банди «а»- Кодекси ҷиноятии Ҷумҳуриии Тоҷикистон, яъне такроран маблағгузории ҷиноятҳои хусусияти террористидошта гунаҳкор дониста, ба 13 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кардааст.

Додгоҳ аз ин сокини Ваҳдат ном набудрда дар қарораш гуфтааст, ки ӯ аз соли 2008 инҷониб мунтазам ба муҳоҷирати корӣ ба Русия мерафтааст. Ва ин муҳоҷир бори охир 28-уми майи соли 2022 ба Масква сафар карда, гӯё бо ақидаҳои роҳбарони созмонҳои ҲНИТ ва Паймони миллии Тоҷикистон шинос шуда, онҳоро ҷонибдорӣ кардааст.

Ин додгоҳ ҳамчунин иддао кардааст, ки гумонбар барои дастгирии аъзоёни фаъоли онҳо, аз ҷумла ба Муҳаммадиқболи Садриддин, ки додгоҳ аз ӯ “муовини роҳбари созмони терростӣ– экстремистӣ” ном бурдааст аз 1-уми май то 31-уми декабри соли 2023 ҳафт маротиба ба миқдори умумии 17 500 рубл маблағ фиристодааст.

Дар қарор ҳамчунин омадааст, ки яке аз сабабҳои ин кор сатҳи пасти дониши ҳуқуқи шахрванд ва камфаъолиятии масъулини ҷамоати деҳоти Карим Исмоилови шаҳри Ваҳдат мебошад.

Назари фарди маҳкумшуда ба ҳукми нисбаташ эълоншуда дастрас нест, аммо Додгоҳи шаҳри Ваҳдат иддао кардааст, ки ӯ аз кардааш сидқан пушаймон шудааст.

Ин бори аввал нест, ки мақомоти Тоҷикистон муҳоҷирони пешинро барои фиристодани маблағ ба Муҳаммадиқболи Садриддин, раҳбари Ҳаракати “Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон” боздошту зиндонӣ мекунанд. 

Пештар, моҳи майи соли 2025 мақомоти интизомии Кӯлоб 24 нафарро бо иттиҳоми ифротгароӣ ва фиристодани пул ба ӯ дастгир карда буданд.

Худи Муҳаммадиқболи Садриддин он замон интиқоли маблағ ба ҳисоби “Ислоҳнет”-ро рад накарда буд, аммо таъкид карда буд, ки ҳеч нафареро, ки ба ҳисобаш пул фиристодаанд, дастгир накардаанд. 

Дар ҳамин ҳол чанд муҳоҷири тоҷик дар суҳбатҳои алоҳида ба Azda.tv гуфтанд, ки дар Тоҷикистон нисбати онҳо низ барои фиристодани пул ба мухолифон парванда боз кардаанд ва мақомот талаб дорад, ки ба кишвар баргарданд, аммо худи муҳоҷирон мегӯянд, ки иттиҳомоти нисбаташ эълоншуда туҳмат буда, боре ҳам ба гурӯҳҳо ва расонаҳои мухолифон маблағе нафиристодаанд.

Ҳамчунин ин муҳоҷирон мегӯянд, ки вақте ба кормандони мақомот, бахусус ВКД гуфтаанд, ки маблағе нафиристодаанд аз он тараф посух гирифтаанд, ки “Сбербанк”-и Русия ба мақомоти Тоҷикистон рӯйхати иборат аз 3000 нафареро додааст, ки аз Русия барои мухолифон пул фиристодаанд.

То ҳол мақомоти Тоҷикистон дар ин бора расман чизе нагуфтаанд.

Бояд гуфт, мақомоти Тоҷикистон афроди зиёдеро бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо мухолифони тоҷики дар Аврупо буда, фиристодани маблағ ба онҳо ва гузоштани лайку комент зери навору навиштаи онҳо равонаи зиндон кардаанд. Танҳо онҳое, ки бо иттиҳоми “лайк” равонаи зиндон гаштаанд шумораашон беш аз 1500 нафар гуфта мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Эҳтимоли азсаргирии ҳамлаи Амрико ба Эрон баррасӣ мешавад

Қарор аст рӯзи панҷшанбе, 30-ми апрел Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико нақшаи ҷадиди ҳамла ба Эронро, ки аз ҷониби низомиён пешниҳод мешавад, баррасӣ кунад.

Куштори даҳшатнок: дӯсташро кушт ва ҷасадашро пора кард

Дар ноҳияи Файзобод аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ як ҳодисаи мудҳиши ҷинояти куштор ошкор гардид, ки ҷомеаро такон дод.

Президент музди командони IT-ро бештар мекунад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон бо имзои фармоне маоши кормандони соҳаи технологияи IT-ро бештар карданист.

Ҷабборов “дӯсташ” Тошиевро ба зиндон меандозад?

Дар Қирғизистон нисбат ба як қатор мансабдорони собиқи баландмақом бо иттиҳоми кӯшиши табаддулоти давлатӣ парванда боз шудааст.