33.9 C
Dushanbe

Мақомот “Радиои Озодӣ”-ро аз ҳаққи бозтоби интихобот маҳрум кард

Радиои Озодӣ, ягона расонаи мустақил дар дохили Тоҷикистон ҳаққи бозтоби интихоботи имсолаи парлумонии кишварро надорад.

Дар ин бора роҳбари маркази матбуотии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Носирҷон Салимӣ рӯзи 25-уми феврал дар номаи ҷавобӣ ба ин расона гуфтааст.

Салимӣ иддао кардааст, ки Радиои Озодӣ муҳлат барои дарёфти аккредитатсияро гузаронидааст ва дар Тоҷикистон ҳуқуқи инъикос кардани раванди интихоботро надорад.

Инчунин роҳбари маркази матбуотии КМИР ба ин расона тавсия додааст, ки маълумоти мавриди таваҷҷуҳро аз сомонаи Комиссия ва воситаҳои ахбори омма, ки аккредитатсия шудаанд, дастрас намоянд. Ин дар ҳолест, ки танҳо расонаҳои давлатӣ ва бархе аз расонаҳои Русия ҳаққи бозтоби интихоботро дар кишвар дарёфт кардаанд ва коршиносон ба шаффоф бозтоб додани онҳо бовар надоранд.

Радиои Озодӣ менависад, ки номаи Салимӣ дар ҳоле дастраси ин расона шуд, ки онҳо рӯзи 20-уми феврал аз раиси КМИР, Бахтиёр Худоёрзода, хоста буданд, ки яке аз ҳамкоронаш “дар мавриди иштироки нозирон ва хабарнигорону расонаҳои маҳалливу байнулмилалӣ дар интихобот” ба онҳо мусоҳиба диҳад.

Гуфта мешавад, рӯзи охири сабтиноми расонаҳо барои бозтоби интихоботи порлумонӣ 10-уми феврали соли 2025 таъйин шуда буд, вале бархилофи интихоботҳои гузашта огоҳӣ дар ин бора танҳо дар як гӯшаи вебсайти КМИР нашр шуда, дар расонаҳои дигар бозтоб наёфтааст.

Бо вуҷуди ин ҳолат, намояндагии Радиои Озодӣ дар Душанбе рӯзи 10-уми феврал бо масъулони Комиссияи марказии интихобот суҳбат намуда, дархости сабтиноми хабарнигоронро дар миён гузоштааст, вале посухи рад гирифтааст.

Ёдовар мешавем, ки интихоботи парлумонии Тоҷикистон имсол 2-уми март баргузор мегардад ва барои курсии Маҷлиси намояндагон 22 вакил аз рӯйхати ҳизбӣ ва 41 намоянда аз ҳавзаҳои якмандатӣ интихоб мешаванд.

Дар интихоботи имсола номзадҳои Ҳизби халқии демократӣ – ҳизби ҳоким дар кишвар, ҳизбҳои аграрӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ, сотсиалистӣ, коммунистӣ ва Ҳизби демократӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Ба гуфтаи сиёсатшиносон, дар ин чанд соли гузашта раисони ҳизбҳои мазкур чандмаротибаӣ тағйир ёфта, ба ҳизбҳои хомӯш ва “кисагӣ” табдил шудаанд ва онҳо амалан аз ҳизби ҳокими ҲХДТ пуштибонӣ мекунанд ва дар тасмимҳои сиёсии кишвар коре аз дасташон сохта нест.

Инчунин Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, танҳо ҳизби расман фаъоли дохилӣ, ки мустақил ба ҳисоб мерафт, барои интихоботи парлумонӣ номзад пешниҳод накардааст. Бо вуҷуди хомӯшии раҳбари ин ҳизб Қиёмиддин Азизов, коршиносон бар ин назаранд, ки баъди марги мармузи раҳбари собиқи он Раҳматилло Зоиров ва боздошту зиндонӣ шудани муовинаш Шокирҷон Ҳакимов ин ҳизб ба як ҳизби вобаста табдил шудааст.

Ин бори аввал аст, ки раванди интихоботи парлумониро намояндагони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо бо сабаби надодани аккредитатсия аз ҷониби мақомот, назорат намекунанд. Ва инчунин дар ин интихобот ҳеч расонаи мустақил ва ҳизби мухолифи фаъоле вуҷуд надорад.

Ҳамчунин интихоботи парлумонии дувум аст, ки бидуни иштироки ҲНИТ баргузор мегардад. Мақомоти Тоҷикистон соли 2015 Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро, ки ҳизби мухолиф ва фаъол шинохта мешуд, бо иттиҳоми даст доштан дар “нақшаи табаддулоти давлатӣ” ҳизби “террористӣ” хонд ва аз саҳнаи сиёсии кишвар берун карда, фаъолияти ӯро расман баст.

Дар ҳамин ҳол Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон бо нашри изҳороте интихоботи парлумонии имсолаи кишварро таҳрим намуда, таъкид кард, ки он мухолифи меъёрҳои эътирофшудаи демократӣ аст ва аз лиҳози қонуният ғайриқобили қабул мебошад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Раҳмонов ва Пизишкиён дар Озарбойҷон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кард.

Гармои шадид дар Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст

Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти Лаҳистон Анджей Дуда супорид.

Толибонро аввалин кишвари дунё расман эътироф кард

Пас аз чор соли ба сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати сарпарастро ба расмият шинохт.