11.9 C
Dushanbe

Боздошти муҳоҷирони тоҷик пас аз сафари Раҳмон ба Русия

Мақомоти Русия беш аз 50 муҳоҷири тоҷикро пас аз сафари раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин кишвар боздошт кардаанд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, боздошти муҳоҷирон тоҷик 22-юми марти соли ҷорӣ дар ноҳияи Красногвардейскии вилояти Маскав сурат гирифтааст.

Ба гуфтаи муҳоҷирон, пулис бархеро пас аз гирифтани 50 ҳазор рубл озод карданд, вале дигаронро дар шароити баде нигаҳ медоранд, аз ҷумла муҳоҷирони боздоштшуда дар рӯи фарш мехобанд ва барояшон ғизои дурусте намедиҳанд.

Маълум нест ин муҳоҷирон барои чӣ боздошт шудаанд ва нисбаташон кадом чораҳо андешида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон 15-17-уми март бо як сафари корӣ ба Русия рафта, бо ҳамтои русаш Владимир Путин мулоқот карда буд.

Эмомалӣ Раҳмон пас аз ин мулоқот, бе додани тафсилот иддао кард, ки бо Путин ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати кориро “муфассал” баррасӣ кардааст.

Путин ҳам дар ин нишаст аз саҳми намоёни муҳоҷирони тоҷик дар рушди иқтисоди Русия ва пулҳои фиристодаи онҳо ба Ватан, ки дастгири ҳам Ҳукумати Тоҷикистон ва ҳам барои хонаводаҳояшон аст, гуфт.

Тибқи оморҳои додаи ӯ, дар Русия ҳудуди як миллион шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд ва онҳо дар соҳаҳои гуногун, бахусус сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналӣ, нақлиёт ва ҳамлу нақл кор мекунанд. Аммо таҳлилгарон мегӯянд, шумораи муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар бештар аз оморҳои расмиест, ки мақомоти ҳарду кишвар мегӯянд.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Русия дар ҳоле сурат гирифта буд, ки дар ин кишвар назорат болои муҳоҷирон ва ихроҷи онҳо баъд аз ҳодисаи хунин “Крокус Сити Холл” шиддат гирифт. Пас аз ин ҳодиса чораҳои назоратӣ сахттар шуда, боздошт ва ихроҷу баргардондани муҳоҷирон зиёд гардид. Инчунин нархи патент боло рафта, маҳдудиятҳои нав дар бораи фаъолияти кории муҳоҷирон дар аксар минтақаҳои Русия ҷорӣ карда шуданд.

Тибқи оморҳо, танҳо дар соли 2024 бо қарори додгоҳҳои Русия беш аз 90 ҳазор муҳоҷир аз хоки Русия ихроҷ шудаанд. Ин дар ҳолест, ки дар соли 2023 аз Русия 44,2 ҳазор ва дар соли 2022 26,6 ҳазор муҳоҷир ихроҷ шуда буданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

HRW: ИА бояд бо кишварҳои ОМ ҳуқуқи инсонро дар маркази муколама гузорад

Созмони Дидбони ҳуқуқи башар (HRW) аз Иттиҳодияи Аврупо хост, ки бо кишварҳои Осиёи Марказӣ масъалаи ҳуқуқи башарро дар мадди аввал гузорад.

Ҷазои ҷиноӣ барои напардохтани пули барқ

Имрӯз, 27-уми март маҷлиси васеи Ҳукумати Тоҷикистон бо иштироки вазирону раисон ва раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

Иди Рамазон дар Тоҷикистон маълум шуд

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо нашри қароре рӯзи баргузории Иди Рамазонро дар қаламрави Тоҷикистон эълон кард.

Огоҳии мақомоти Тоҷикистон ба муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз муҳоҷирони кории тоҷик, ки дар Русия қарор доранд, даъват намуда, ки ҳуҷҷатҳо ва ҳузури худро дар ҳудуди ин кишвар қонунӣ гардонанд.